Пайвандҳои дастрасӣ

Дар интизории вориси Туркманбошӣ


бунгоҳи хабарии Радиои Озодӣ Брюс Паниер Туркманистон ба интихоботи раёсати ҷумҳур омодагӣ мегирад. Бори нахуст дар 15 соли ахир ин маърака дар ин кишвари Осиёи Марказӣ аз тариқи алтернатив сурат мегирад ва дар баргаҳои раъй ному насаби шаш номзади курсии президентӣ сабт хоҳад шуд. Довталабони мақоми раисиҷумҳур рӯзи 26 декабри соли гузашта аз сӯи Халқ Маслиҳатӣ - як ургони намояндагагони мардумӣ пазируфта шуданд. Дар ин иҷлосияи Халқ Маслиҳатӣ ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки интихобот рӯзи якшанбеи 11 феврал баргузор шавад.

Номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳур дар барномаҳои худ тағироти мусбӣ дар рӯзгори мардумро ваъда додаанд ва аммо ҳамагӣ изҳор намуданд, ки аз сиёсати раҳбари пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзов берун пой нахоҳанд гузошт. Зимнан, сиёсати Туркманбошӣ кишварро ба яке аз ҷумҳуриҳои дарбаста табдил дод ва оламиён фақат дар бораи сарватҳои зиёди табиии кишвар, аз ҷумла захоири бузурги нафту газ ва амалҳои ғароибу аҷоиби сарвари он Сафармурод Ниёзов иттилоъ доштанду халос.
Ва имрӯз коршиносон бештар сари он баҳс мекунанд, ки баъди даргузашти Туркманбошӣ ва сари қудрат омадани раҳбари нав девори сангини ҷудоии Туркманистон бо дигар кишварҳо фурӯ хоҳад рехт ё хайр?
Тӯли маъракаи интихоботӣ, ки беш аз як моҳ боз идома дорад, довталабони курсии раисиҷумҳур барои дарёфти эътимоди мардум талош карданд. Ва аммо, аз нигоҳи коршиносони минтақаӣ, шонси кафили раисиҷумҳур Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои пирӯзӣ назар ба дигар номзадҳо бештар аст. Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, собиқ вазири ҳифзи омма ва муовини сарвазири кишвар, баъд аз сари Туркманбошӣ зимоми ҳукуматро ба даст гирифт. Ӯ изҳор намуд, ки баъди дарёфти курсии раиси ҷумҳур бештар сари мушкилоти бахши маорифи Туркманистон тамаркуз хоҳад кард:

Барномаи таълимии донишгоҳҳои мо бо меъёрҳои байнулмилалӣ мутобиқ хоҳад шуд. Агар зарур шавад, мо устодону донишмандон ва мутахассисонро аз беҳтари макотиби олам гирд меоварем, то ба донишҷӯёни мо дарс гӯянд.

Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳамчунин ваъда додааст, ки ба рушди варзиш миёни ҷавонони кишвар таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад кард.
Коршиносон мегӯянд, ки кафили раисиҷумҳур дар баробари дигар довталабон аз имтиёзҳои бештар бархурдор аст. Нашрияҳои ҳукуматии Туркманистон ба тарғибу ташвиқи Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов пардохтаанд. Раиси Комиссиёни Марказии интихоботии Туркманистон Мурод Қориев, гӯё дар тайиди нигарониҳои нозирони интихобот изҳор кард, ки барои таъмини пирӯзии Бердимуҳаммадов аз ҳама чораҳои зарурӣ кор мегирад. Ва ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи танзомези як коршиноси туркман, "дигар номзадҳо ба мақоми президентиро ба ҷуз хешовандонашон шояд каси дигар нашиносад". Зимнан, нафаре аз панҷ номзади боқимонда ба феҳрасти мансабдорони воломақоми Туркманистон шомил нестанд. Аз нигоҳи коршиносон, шояд Аширниёз Поманов - мири шаҳри Туркманбошӣ ваё собиқ Красноводск каму беш аз маъруфият бархурдор бошад. Ва аммо ӯ ва дигар номзадҳо - мири шаҳри Ободон Оразмурод Гараҷев, муовини вазири саноати газ Ишонгулӣ Нуриев, муовини волии вилояти Тошҳавз Аманниёз Атоҷиков ва раиси ноҳияи Қарабиқул Муҳаммадназар Қурбонов, ба гуфтаи коршиносон, дар интихобот фақат ба он хотир ширкат доранд, ки ин маъракаро дар чашми оламиён чун интихоботи демократӣ ҷилва диҳанд.
Ва аммо ниҳодҳои байнулмилалӣ ба демократӣ ва тибқи меъёрҳои ғарбӣ баргузор шудани интихоботи раёсати ҷумҳури Туркманистон шубҳа доранд. Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо изҳор кард, ки нозиронаш дар ин маърака ширкат хоҳанд дошт ва аммо аз ташреҳи чӣ гуна гузаштани он худдорӣ хоҳанд кард.
Алберт Ҷон Моот - раиси ҳайати байнипарлумонии Иттиҳодияи Аврупо ва вакили Парлумони Аврупо мегӯянд, ки дар мавриди интихоботи рӯзи якшанбе дар Туркманистон хушбин нест:

Ин интихобот фақат бо номзадҳо аз ҳукумати пешин аст ва шумо наметавонед онро интихоботи воқеӣ бихонед ва ин барои ташкили ҷомеъаи боз оғози хубе нест.

Холмурод Суюнов, собиқ вакили парлумони Туркманистон ва яке мухолифини ҳукумат, ки дар хориҷ ба сар мебарад, интихоботи раёсати ҷумҳуриро ғайриқонунӣ мехонад, зеро, ба гуфтаи ӯ, мардуми оддӣ барои пешбарии номзадҳои худ имкон надоштанд:

Ҳама номзадҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 феврал аз сӯи мақомоти ҳукумат таъин шудаанд ва на аз сӯи мардум. Дар ин ҷо помолшавии ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон барои пешбарӣ ва интихоби номзадҳояшон ба назар мерасад.

Интизор меравад, натоиҷи пешакии интихоботи раиси ҷумҳури Туркманистон як рӯз баъд аз райъдиҳӣ эълон шавад
XS
SM
MD
LG