Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти тими олимпии футболи Тоҷикистон аз Тошканд


Бохти бозигарони ҷавони тоҷик дар ин дидор бо ҳисоби калон боиси нигаронии мутахассисони футболи тоҷик гардидааст. Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон ва дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, тими олимпии кишвар танҳо дар шаҳри Душанбе тамрин карда, бо тимҳои пурқуввати хориҷӣ ягон бозии контролӣ анҷом надодааст. Вале олимпийчиёни Узбакистон таҷоруби хуби бозии байнулмилалӣ касб кардаанд.

Ба андешаи Шариф Назаров, сармураббии дастаи «Хима»-и Душанбе низ тими олимпии кишвар ба бозиҳои интихобӣ хуб омодагӣ надидааст. Оқои Назаров мегӯяд, вақти бозии санҷишии тими олимпӣ бо дастаи мо, ман мушоҳида кардам, ки дар ҷараёни рақобат миёни бозигарони ҷавон ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд надорад. Зеро мураббиён дар ҳар як бозии санҷишӣ ҷойи бозигарро дар майдон иваз мекарданд. Хуб мебуд, бозигар дар тими олимпӣ низ вазифаи дар бошгоҳи худ ба зимма доштаашро ба ҷо меовард.

Вале Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии тими олимпии футболи Тоҷикистон мегӯяд, ба нокомии даста дар бозии аввали интихобӣ, аслан дарвозабон Абдулазиз Маҳкамов айбдор аст. Ва бо вуҷуди он ки бохт бо ҳисоби калон имконоти тими олимпии Тоҷикистонро барои роҳ ёфтан ба марҳилаи баъдӣ хеле коҳиш додааст, сармураббӣ ба пирӯзии дастааш дар бозии ҷавобӣ умедвор аст.

Бозии дуввуми дастаҳои олимпии Тоҷикистон ва Узбакистон 14 феврал дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG