Пайвандҳои дастрасӣ

Бӯҳрони раҳбарии ҲДТ: Ноумедӣ ва ё бозандешии демократҳои ҷавон?


Аммо ахиран вазорати адлия номзадиии Саидҷаъфар Исмоновро рад карда Масъуд Собировро чун раиси демократ боқӣ монд. Аммо ин муборизаву мушкилоти дохилиҳизбии демократҳои тоҷикистон, ки акнун ба 3 гурӯҳ ҷудо шудаанд, ба тарафдорону аъзоёни ҷавони ин ҳизб чӣ таъсире гузоштааст ва онҳо кадоме аз ин гуруҳу сарвари ҳизбро пайравӣ хоҳанд кард?


Ба гуфтаи Раҳматулло Валиев муовини ҳизби демократии Искандаров имрӯз ҳудуди 50 дарсади аъзои ҳизб ҷавононанд ва баъди ин таҳаввулоти дохилиҳизбӣ тарафдорони ҷавони онҳо аз ақидаи худ нагаштаанду баръакс эътимоди онҳо ба ҳизби демократӣ таҳти раҳбарии Искандаров қавитар шудааст. «Бояд гуфт, вақте ки ин анҷумани фавқулода Собировро сари ҳокимияти сиёсии ҳизб овард,ҷавонон дар сафи ҳизб зиёд шуданд. Ҳукумати Тоҷикистон бори дигар нишон дод, ки дар кишвар қонун нест ва барои ҳамин ҳам ҷавонон муттаҳид шуданд.»



Вале ба гуфти баъзе аз намояндаҳои ин ҳизб муборизаву талошҳои дохилиҳизбии демократҳо гурӯҳе аз ҷавононеро, ки шомили ин ҳизб буданд бетараф нагузошт. Бархе аз ҷавонон аз ин мушкилоту муборизаҳои масъулини ҳизб нобоварӣ эҳсос карда аз ҳизб дур шуданд ва рӯ оварданнд ба ҳизбҳои дигар аз ҷумлаи ҳизби Сотсиал демократӣ ва қисмати дигарашон чун пештара узви ҷиноҳи Искандаров ва Масъуд Собиров боқӣ монданд, аммо ин гурӯҳ ҳам ҳоло намедонанд, ки ояндаи ҳизб ва ё гурӯҳе, ки онҳо пайравӣ доранд чӣ гуна хоҳад буд.



Гулнора як узви ҷавони ҳизби демократии Искандаров аз Қурғонтеппа мегӯяд, дар ин марҳилаи мушкил он аъзоёни ҷавони ҳизб, ки ба идеяи ҳизб ва ақидаҳои худ устувор нестанд метавонанд ба осонӣ тарк гӯянд онро, вале Гулнора мегӯяд, худи ӯ омодааст то ба охир барои ғояҳои ин ҳизб мубориза барад: «Ба фикрми ман на ба ҳизб на ба идеяи ҳизб онҳо устувор нестанд, барои ҳамин ҳам дар ҳоли парокандашавӣ онҳо наметавонанд ҳизбро дастгири кунанд ва бо ӯ бимонанд, аммо ман ягон вақт чунин нахоҳам кард ва то охирин қудратам ҳизбро дастгирӣ мекунам.»



Вале дар ҳамин ҳол Саидҷаъфар Исмонов бар ин аст, ки ин талошу муборизаҳо дар дохили ҳизби демократҳо агар аз як тараф бархе аз аъзоёни ҷавони ҳизбро пароканда созад, аммо бештар метавонад ҷавононро ба фикр водор созад то хубтар дарк кунанд, ки демократия худ чист ва интихоби дуруст кунанд, ки кадоме аз гурӯҳҳо воқеан ҳам барои демократия талош мекунад.



Дар миёни ҷавонони берун аз ҳизб, аммо то андозае ба кори ҳизбҳо ошно қазияи дохили ҳизбии демократҳо ба таври мухталиф баррасӣ мешавад. Бархе ҳамчун раҳбари ҳизб эътироф кардани Масъуд Собировро ғайриқонунӣ меҳисобанд, вале бархи дигар инро роҳи беҳтари дубора фаъол шудани ҳизби демократ медонанд.



Аммо бояд гуфт аксари ҷавонон аз ин ҳодисаи ҳизби демократ то ҳол бехабаранд ва як навъ бетаарфиро ихтиёр мекунанд. Ҳумайро як ҷавон мегӯяд, аҳзоби Тоҷикистон то имрӯз коре накардаанд, ки боиси таваҷҷуҳи ҷавонон бошанд: «Рости гап ман маълумоте надорам дар бораи сиёсати кишвар ва ҳизбҳои он. Ба назари ман ин аз як тараф гуноҳи худи аҳзоб аст, ки онҳо масъулияти зиёд ҳис намекунанд ва ҷалб намекунанд ҷавононро. Шояд агар як ду барномаи хуб медоштанд ман ҳам метавонистам пайрави ягон ҳизб бошам»
XS
SM
MD
LG