Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳокимаи омилони латукӯби донишҷӯёни тоҷик дар Маскав


Муҳокимаи парвандаи ду корманди милисаи рус, ки дар латукӯби донишҷӯёни тоҷик дар хобгоҳи донишгоҳи давлатии мудирият муттаҳам мешаванд, мавриди баррасии Додгоҳи ноҳияи Кузмински Маскав қарор гирифтааст. Ба иттилоъи сомонаи интернетии родиёи «Эхо Москви», яке аз дигар милисаҳое, ки ҳамроҳ бо шаш тани дигар, дар қазияи шиканҷаи 12 донишҷӯи тоҷик дар тобистони соли гузашта иштирок доштааст, ҳанӯз дар мақомоти интизомӣ фаъолият мекунад.

Ҳузури ин корманди милиса дар толори муҳокимаи додгоҳӣ, мавҷи тарси ҷабрдидаҳоро ба вуҷуд овард. Бо ин ҳама, менависад сомонаи «Эхо Москви», чанд тани дигари ношинос ба толори додгоҳ ворид шуда, ба донишҷӯён таҳдид кардаанд ва гуфтаанд, ки кормандони боздоштшудаи милисаи рус муҷозот нахоҳанд шуд ва шиканҷаи донишҷӯён идома хоҳад кард. Қозии парванда маҷбур шуд, донишҷӯёни ҷабрдидаро ҳангоми ҷараёни муҳокима ба утоқи алоҳида даъват кунад. Идомаи муҳокимаи додгоҳӣ дар рӯзи 13-уми феврал дар назар аст.
Ба гуфтаи мақомоти интизомии шаҳри Маскав, қазияи мазкур хислати нажодпарастӣ надорад, аммо донишҷӯёни тоҷик мегӯянд, милисаҳои ҳамлагар ҳангоми даргирӣ онҳоро дашномҳо дода, «сиёҳҷурда» номидаанд.
XS
SM
MD
LG