Пайвандҳои дастрасӣ

Бозии интихобии олимпӣ: Узбакистон - Тоҷикистон - 4:1


Тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар нахустин бозии интихобии Олимпиадаи соли 2008 рӯзи чоршанбеи 7 феврал дар шаҳри Тошканд аз тими Узбакистон бо натиҷаи 1 бар 4 шикаст хӯрд.

Мизбонон дар қисми аввали бозӣ як гол (Садриддин Абдуллоев, дақиқаи 41-ум) ва дар қисми дуввум се гол (Анзур Исмоилов, дақиқаҳои 47-ум ва 48-ум, Одил Аҳмадов, дақиқаи 67-ум) ба ҳадаф расонданд. Як голи дастаи Тоҷикистонро Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 52-ум вориди дарвозаи тими Узбакистон кард.

Бозии ҷавобии ин дастаҳо рӯзи чоршанбеи 14 феврал дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад ва ғолиб аз рӯи натоиҷи ду бозӣ муайян хоҳад шуд. Ва аммо пирӯзӣ бо ҳисоби калон
имконоти тими олимпии Узбакистонро барои роҳ ёфтан ба марҳилаи баъдӣ бештар намуд.
XS
SM
MD
LG