Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳқиқи садама дар нирӯгоҳи «Помир-1»


Асадулло Ғуломов, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон бо гурӯҳе аз коршиносони ширкати «Барқи тоҷик» барои таҳқиқи сабабҳои садама дар ниругоҳи «Помир-1»,озими шаҳри Хоруғ - маркази вилояти Бадахшони куҳӣ шудааст. Дар ин сафар муовини аввали нахуст вазирро ҳамчунин Муҳаммадтоҳир Зокиров раиси Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунад.
Шаби 5-ум ба 6-уми феврали соли равон бар асари вуқӯъи як садамаи то ҳоло норӯшан фаъолияти бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии минтақаи вилояти Бадахшони кӯҳии Тоҷикистон мутаваққиф гардид. Дар натиҷа то кунун беш аз 100 ҳазор нафар сокини шаҳри Хоруғ, ба шумули навоҳиии гирду атроф ва минтақа аз истифодаи бе ин ҳам маҳдуди барқ маҳрум мондаанд.


Мақомоти вилоят дар ҳоли ҳозир тасмим гирифтаанд то роҳандозии дубораи нерӯгоҳи барқи обии «Помир -1» барои таъмини аҳолӣ муваққатан аз нерӯгоҳи «Хоруғ - 1» кор гирифта шавад. Нерӯгоҳи барқи обии "Помир- 1" моҳи ноябри соли 2005 мавриди истифода қарор гирифтааст ва он аҳолии шаҳри Хоруғ ва навоҳии гирду атрофии онро бидуни маҳдудият бо барқ таъмин месохт. Се сол қабл Бунёди Оғохон кулли шабакаҳои барқии Бадахшонро барои 25 соли оянда иҷора гирифта ва хориҷиёнро дар раёсати ин ширкат қарор дод.
Ҳоли ҳозир мактабҳои Хоруғ бинобар сардӣ ва адами нируи барқ муваққатан баста шуданд.

Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG