Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтушуниди Фатҳ ва Ҳамос дар Макка


Дар шаҳри Маккаи Арабистони Саъудӣ таҳти сарпарастии подшоҳи Арабистон Абдуллоҳ имрӯз гуфтушуниди сарони ду ҷиноҳи рақиби фаластинӣ -- раиси ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос ва раҳбари сиёсии Ҳамос Холид Мишъал ҷараён ёфт.


Ҳадаф аз ин нишаст эҳёи талошҳост барои ташкили ҳукумати ваҳдат ва қатъи даргириҳои миёни Фатҳ ва Ҳамос, ки аз моҳи декабр ба ин сӯ ҷони 100 нафарро рабудаанд.


Сарвазири Фаластин аз ҳизби Ҳамос Исмоил Ҳания, ки низ дар мулоқот ширкат дорад, гуфт, барои қатъи хушунатҳо бояд ба як тавофуқи куллӣ даст ёфт, на созишҳои нисбӣ. Сафири фаластинӣ дар Риёз Ҷамол Ал-Шобакӣ гуфтааст, ҳарду раҳбар изҳор доштаанд, ки мехоҳанд, ба зудӣ созиш ҳосил кунанд.


Арабистони Саъудӣ ахиран талош дорад, дар умури минтақа нақши бузургтаре бозад ва ағлаби мамолики минтақа талошҳои ҳалли бӯҳрони Ховари Миёнаро заминаи асосии субот дар ҷаҳони исломӣ мешуморанд.
XS
SM
MD
LG