Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи "Корикотурҳо" дар додгоҳи Порис


Дар додгоҳи Порис имрӯз зимни даъвои мусулмонон ба нашри тасвирҳои танзомези паёмбари ислом, муҳокимаи маҷаллаи ҳаҷвии "Чорли Ҳедбо" оғоз шуд.

Сарони масҷиди ҷомеъи Порис ва Иттиҳоди созмонҳои исломии Фаронса маҷалла ва мудири онро ба таҳрики танаффури нажодӣ айбдор мекунанд. Маҷаллаи "Чорли Ҳедбо" тасвирҳои танзомези рӯзномаи даниягиро бознашр кард, ки эътирозҳои хушунатомези мусулмонони ҷаҳонро ба амал оварда буд. Айбнома метавонад ба шаш моҳи зиндон ва сӣ ҳазор доллар ҷарима сабаб шавад. Филип Вал, мудири маҷаллаи "Чорли Ҳедбо" дар дифоъ аз амалкарди худ гуфт:

"Рӯшан аст, ки корикотурҳо нажодпарастона набуданд. Шумо бояд ба онҳо бингаред, то бифаҳмед, ки ин зарба ба мусулмонон нест, ҳарчанд пайравони ислом метавонанд дар бовари худ аз ин тасвирҳо нороҳат шаванд. Ин дуруст аст. Аммо демокросӣ дақиқан ҷои баҳсҳост, ҷоест, ки кас метавонад, чизҳое зидди эътиқодоташ бишнавад ва чунин масъалаҳо бо баҳсу гуфтугӯ ҳал мешаванд."

Нозирон мегӯянд, парванда ба як ҷанбаъи норӯшани миёни озодии сухан ва эҳсосоти динӣ марбут мешавад.
Флемминг Роз, сардабири рӯзномаи Даниягӣ, ки аввалин шуда, дар моҳи сентябри соли 2005 ин корикотурҳоро нашр кард, мегӯяд, агар маҷаллаи фаронсавӣ айбдор дониста шавад, озодии сухан дар Аврупо ба даҳсолаҳо ақиб хоҳад афтод.
XS
SM
MD
LG