Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо ва коҳиши бухорҳо


Иттиҳоди Аврупо рӯзи 7-уми феврал тарҳеро муъаррифӣ кард, ки ба коҳиши бухорҳои дуоксиди карбон нигаронида шудаааст. Нуктаи асосии он аз шартҳои сахттар дар баробари ширкатҳои тавлиди автомобил иборат аст.

Мақомоти Иттиҳоди Аврупо, тибқи ин тарҳ, мехоҳанд, бухорҳои дуоксиди карбонро то соли 2012 ба андозаи 25 дарсади соли 2005 поинтар баранд. Қарор аст, бахши асосии ин коҳиш аз ҳисоби тағйири муҳаррики автомобилҳо ба даст ояд. Истифодаи бештари сӯзишвории биулуҷӣ ва ва сохтори нави чархҳо аз чораҳое маҳсуб мешаванд, ки ба коҳиши бухорҳо мусоъадат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG