Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷирони гаравгони тоҷик озод шуданд


Понздаҳ муҳоҷири кории тоҷик, ки аз ҷониби ронандагони қирғиз барои напардохтани роҳкиро ба гаравгон гирифта дар автобус нигоҳ дошта мешуданд, озод гардиданд. Ба иттилоъи сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон, маблағи роҳкирои онҳоро бозаргоне пардохтааст ва алъон муҳоҷирони тоҷик дар сохтмони марбут ба ӯ машғули кор будаанд. Тибқи ин иттилоъ, муҳоҷирони корӣ баъди пардохтани маблағи бозаргон фаъолияти кории хешро дар Остона идома хоҳанд дод.


Аз 38 муҳоҷири тоҷик, ки 31 январ ба Остона расида буданд, 15 нафарашон барои напардохтани роҳкиро аз ҷониби ронандагони қирғиз ба гаравгон гирифта шуда буданд. Ронандагони қирғиз, ки онҳоро ба маблағи 2.800 доллари амрикоӣ аз Бишкек ба Остона расонида буданд, талаб доштанд, то замоне, ки маблағро муҳоҷирон напардозанд, онҳо озод нахоҳанд шуд. Ниҳоят, бозаргоне ин маблағро пардохта муҳоҷиронро озод кардааст.


Бисту ду муҳоҷири дигари боқимонда ба иттилои Борис Колисниченко, сарвари пулиси муҳоҷирати шаҳри Остона, барои убури ғайриқонунии марз аз ҷониби пулиси муҳоҷират боздошт ва ба Тоҷикистон ихроҷ гардида буданд.


Тавре, қаблан сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон иттилоъ дода буд, ба боздошту ба гаравгон афтодани муҳоҷирони тоҷик хонуми миёнарави тоҷик, ки муҳоҷиронро бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба Остона овардааст, сабаб шудааст.
Насибҷон Амонӣ, Алмаато
XS
SM
MD
LG