Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабабҳои эҳтимолии ҷаҳиши қурби сомонӣ


МИ

Намояндагии Бонки аврупоии бозсохт ва рушд дар Тоҷикистон назари худро дар мавриди ҷаҳишҳои ахири қурби пули миллии сомонӣ дар баробари асъори хориҷӣ баён дошт.


Фердинанд Пионел, сарвари дафтари намояндагии ин бонк дар Тоҷикистон гуфт, баланду пастшавии нобаҳангоми қурби пули сомонӣ дар муқобили асъори хориҷӣ ба халалдор шудани таносуби воридоти пул ба бозори асъори Тоҷикистон бастагӣ дорад. Ӯ гуфт, дар мавриди ҷаҳиши қурби асъор низ боз ҳам ворид шудани миқдори зиёди пул ба бозори пулӣ ва омилҳои дигари беруна нақш бозидааст. Ӯ афзуд, дар сиёсати вомдиҳии Бонки аврупоии бозсохт ва рушд ин гуна ҷаҳишҳои қурби асъор дар бозори пулии Тоҷикистон, солона 10 – 15 дар сад, аз қабл дар назар гирифта шудааст.


Қурби сомонӣ дар бозорҳои кишвар, аз ҷумла Суғд сар аз рӯзи гузашта ба таври ғайримунтазира дар муқобили асъори хориҷӣ, аз ҷумла доллар боло рафт. Дар бозори асъори Хуҷанд ду рӯз қабл 350 сомони ба 100 доллари амрикоӣ иваз карда мешуд, акнун 100 доллар ба 346 сомонӣ фурӯхта мешавад. Мутаносибан, қурби евро ва рубл низ дар баробари сомонӣ поин рафтааст.


Вале ҷаҳишҳои ахири қурби пули миллии сомонӣ дар бозори пули Тоҷикистон дар баробари асъори хориҷӣ ба назари коршиносон ва таҳлилгарони Суғд як иқдоме сунъӣ буда, бидуни поягузории иқтисодӣ сурат гирифтааст. Тоҳири Абдуҷаббор мегӯяд, ин фаъолияти худи бонкдорон аст, ки мехоҳанд аз роҳи боло бурдан ва поин овардани қурб ё нархи асъор дар бозор даромаде дошта бошанд. Ба гуфтаи Тоҳири Абдуҷаббор, ин гуна ҷаҳишҳои сунъии қурби сомонӣ барои иқтисоди Тоҷикистон оқибатҳои нохуш дар пай меоварад ва эҳтимол беқурбшавии пули миллиро тезонад.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG