Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи фурӯши се тонна намак дар Рашт


vi

«Тоҷикстандарт» беш аз се тонна намаки беёдро аз фурӯш дар дӯконҳои минтақаи Рашт боздошт.


Ҷамшед Бобоҷонов, масъули идораи «Тоҷикстандарт» дар минтақаи Рашт гуфт, тасмими манъи фурӯши ин миқдор намак пас аз ташхис дар озмоишгоҳи ин ниҳод гирифта шудааст. Ӯ гуфт, ин амал ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши маризии ҷоғар дар минтақа пиёда шудааст. Маризии ҷоғар дар чанд соли ахир мушкили умдаи аҳолии Рашт хонда мешавад.


Оқои Бобоҷонов ҳамчунин гуфт, бо дархости ронандаҳо аз ҳамин моҳ ташхиси маводи сӯзишвории нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ шурӯъ мешавад. Ӯ гуфт, тибқи санҷишҳо дар баъзе аз нуқтаҳо маълум шудааст, ки анвоъи бензинҳо нодуруст рақамгузорӣ шудааст.


Бахши раштии идораи «Тоҷикстандарт» шаҳри Роғун, навоҳии Файзобод, Нуробод, Тавилдара, Рашт ва Тоҷикободу Ҷиргатолро дар бар гирифтааст.
Маҳмуди Шодӣ, Рашт
XS
SM
MD
LG