Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия Сангтӯдаро бозрасӣ мекунад


vb

Девони бозрасӣ, Счётная палатаи Русия ҳамроҳ бо Кумитаи давлатии назорати молии Тоҷикистон тайи моҳҳои июл-октябри соли равон раванди иҷрои созишномаи эҳдоси нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯдаи 1 -ро тафтиш хоҳанд кард.


Алан Султонбеков, намояндаи расмии Девони бозрасӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар Маскав хабар дод, ин тафтиш ҳеҷ гуна заминаи шубҳабарангез надорад ва аз пеш барномарезӣ шудааст. Намояндаи девони бозрасии Русия гуфт, дар ин ҷараён тафтиши санадҳои ҳуқуқии ширкати Русия дар сохтмони нирӯгоҳи Сангтудаи 1, сармояи интиқолкардаи Русия ва арзиши асилии сохтмони ниругоҳ дар назар аст. Вай гуфт, комиссиюни муштарак тафтиши таҳвили маводи сохтмонӣ, ҳаҷми корҳои анҷомшуда, салоҳияти роҳбарони сохтмонро низ дар назар дорад.


Ин дар ҳолест, ки намояндаи расмии саҳҳоми асосии сохтмони ниругоҳи обии барқии Сангтудаи 1 , ширкати барқи Русия РАО АЭС Татяна Миляева аз ташреҳи иқдоми тафтиши ҷараёни сохтмон худдорӣ кард. Вай гуфт, ширкати онҳо феълан барои тавзеҳи иқдоми девони бозрасӣ ҳозир нест.


Дар ҳамин ҳол, коршиноси иқтисодии тоҷик дар Русия Бурӣ Карим иқдоми тафтиши раванди сохтмони Сангтӯдаи 1-ро ба эҳтимоли ҷой доштани фасод дар сохтмон ва талоши бознигарии ҳаҷми саҳмияи ҷониби Тоҷикистон рабт медиҳад. Бурӣ Карим гуфт, шояд дар масъалаи харҷи сармоя кадом камбудие мушоҳида шудааст ё Русияро талоши Тоҷикистон барои дарёфти сармоя аз Бонки ҷаҳонӣ нигарон карда бошад.


Дар ҳошияи эъломияи Девони бозрасӣ хабаргузории Регниуми Русия навиштааст, ширкати «Барқи тоҷик» қасд дорад, бо дарёфти сармоя аз Бонки ҷаҳонӣ саҳмияи худро дар нирӯгоҳи Сангтӯдаи 1 аз 25 ба 49% боло барад. Ин масъала миёнаи моҳи феврал дар Вашингтон баррасӣ хоҳад шуд. Ба навиштаи ҳамин манбаъ, дар асоси созишномаи имзошуда байни Русия ва Тоҷикистон саҳмияи Тоҷикистон дар сохтмони нирӯгоҳии барқи обии Сангтудаи 1 - 25% ва саҳми Русия 75% аст. Иқтисоддонҳо, аз ҷумла Бурӣ Карим тафовути бузурги саҳмия дар сохтмонҳои раҳбурдиро барои ояндаи иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон хатарнок меҳисобанд.
Муҳамадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG