Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни нави расмиёти маъмурӣ ба тасвиб расид


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қонун дар бораи Кодекси расмиёти маъмурӣ ё муқаррароти идории ин кишварро бо иттифоқи оро ба тасвиб расонд.


Тоҷиддин Тӯраев, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар умури қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсонӣ, ки ҷузъиёти кодекси мазкурро тавзеҳ мекард, гуфт, ин кодекс масоили то ба охир ҳалношуда дар қавонин ва дигар кодексҳои мурофиавии кишвар ҳал ва такмил кардааст. Оқои Тӯраев гуфт, ки барои мисол дар қавонини иттиллоот ва муроҷиати шаҳрвандон табодули иттилоъ миёни ниҳод ва идороти давлатӣ ва таҳлил ва замони баррасии муроҷиат ва шикояти шаҳрвандон ба таври мушаххас нишон дода нашуда буд ва бо қабули ин кодекс чунин камбуд ва навоқис ислоҳ шудааст. Аз сӯи дигар, афзуд оқои Тӯраев, бо тасвиби ин кодекс тартиб ва замони посух ба муроҷиат ва шикояти шаҳрвандон дар муассисот ва маҳалли кор ва низ дар додгоҳ мушаххас хоҳад шуд.


Карим Қодиров, як тан аз вакилони Маҷлиси намояндагон гуфт, тасвиби кодекси мазкур барои шаҳрвандони одии кишвар аз он ҷиҳат муфид хоҳад буд, ки масъулияти мақомотро аз поин то ба боло дар баробари дархост ва шикоёти онҳо бештар мегардонад.


Дар ҳамин ҳол, Тоҷиддин Тӯраев, узви Кумитаи қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон гуфт, дар пайи иҷрои муқаррароти кодекси мазкур дар назди ҳукумати марказӣ ва ҳукуматҳо дар вилоёт ва навоҳии кишвар як ниҳоди вижаи вобаста ба баррасии арзу шикоят ва ҳалли мушкилот ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Вай гуфт, Тоҷикистон саввумин кишвари Иттиҳоди давлатҳои мустақил аст, ки кодекси расмиёти маъмуриро қабул кардааст.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG