Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъсиси ниҳоди нав дар Вазорати дохилаи Тоҷикистон


Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хадамоти вижаи муҳоҷиратро таъсис додаааст,ки ҳадаф аз ташкили он мусоидат ба танзими муассири муҳоҷират дар кишвар арзёбӣ мегардад. Бино ба иттилоъи мақомоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон раҳбарии ниҳоди навтаъсиси вазорати корҳои дохиларо Рамазон Раҳимов - муовини пешини вазири умури дохилаи кишвар ба ӯҳда хоҳад дошт. Гуфта мешавад ниҳоди нав дар баробари расидагӣ ба мавзӯъи раванди муҳоҷират дар кишвар ҳамчунин салоҳиятҳои судури раводид ва сабти ном кардани атбоъи хориҷиро низ дар ихтиёр хоҳад дошт. Қаблан ин кор тавассути ОВИР- бахши махсуси судури визо ва сабти ном сурат мегирифт. Вале акнун бо таъсиси хадамоти муҳоҷират дар назди вазорати корҳои дохила бахши мазкур тобеъи ниҳоди навтаъсис мегардад. Ин дар ҳолест,ки дар назди вазорати кор ва таъминоти иҷтимоъии Тоҷикистон низ хадамоти мушобеҳ амал мекунад. Аммо бо ин вуҷуд мавзӯъи муҳоҷират,ба хусус муҳоҷирати корӣ ҳамчун як мушкили умдаи иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG