Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии аввали интихобии олимпӣ: Узбакистон - Тоҷикистон


Дар бозиҳои интихобии олимпӣ, ҳамчунин имрӯз Сингапур ва Покистон, Ҳонконг ва Бангладеш, Вйетнам ва Афғонистон, Индонезиё ва Ҷазоири Молдив, Урдун ва Қирғизистон, Австралиё ва Тайван, Туркманистон ва Тайланд, Муанмар ва Ҳиндустон, Яман ва Фаластин рақобат мекунанд.

Сипас дар давраи дуввум 14 дастаи қавитарини олимпии қора ва 10 тими ғолиби марҳилаи муқаддамотӣ дар шаш гурӯҳ рақобат мекунанд. Минҷумла ғолиби ҷуфти Узбакистон ва Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо Куриёи Ҷанубӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Яман ё Фаластин қувва меозмояд.

Мусобиқоти интихобии олимпӣ бо ширкати 24 даста аз 28 феврал то 6 июни соли 2007 баргузор мешавад. Баъдан 12 дастаи беҳтарин дар давраи ниҳоӣ ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуда, аз 22 август то 21 ноябри соли ҷорӣ барои ба даст овардани се роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин мубориза мебаранд.Тими мунтахаби Чин ҳамчун намояндаи кишвари мизбони Бозиҳои олимпӣ мустақиман ба мусобиқоти ниҳоӣ роҳхат мегирад.
XS
SM
MD
LG