Пайвандҳои дастрасӣ

Тақдими нишони тилоии Миср ба Эмомалӣ Раҳмонов


НН

Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби сафари расмии худ ба ҷумҳурии Миср бо донишҷӯёни тоҷики муқими Қоҳира мулоқот анҷом дод. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мулоқот таъкид шуд,ки барои иҷрои тарҳҳои муҳимми миллӣ дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоъии Тоҷикистон ин кишвар ба беш аз 50 ҳазор мутахассиси касбӣ эҳтиёҷ дорад. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон зимни дидори худ донишҷӯёну муҳассилини тоҷикро дар баробари омӯзиши улуми исломӣ ҳамчунин ба фарогирии амиқи илмҳои муосир даъват намудааст.


Дар ҷараёни сафари президенти Тоҷикистон ба Миср дирӯз раиси парлумони ин кишвар Фатҳӣ Сурур ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов барои саҳми намоёнаш дар тарғибу ташвиқи фарҳанги сулҳ нишони тиллоии давлати Мисрро тақдим намуд. Дар пайи сафари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Миср шаш санади байнаҳукуматӣ, аз ҷумла созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, энержӣ, илму фарҳанг, маориф ва мубориза бо ҷинояткорӣ миёни ду кишвар ба имзо расиданд.
Дар идомаи сафари хориҷии худ имрӯз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон вориди Сурия мешавад.
XS
SM
MD
LG