Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори ваҳшиёнаи хонаводаи тоҷик дар Ханти- Мансийск


НН

Се сокини маҳаллии музофоти Ханти-Мансийски Русия ба иттиҳоми қатли панҷ тан аъзои як хонаводаи муҳоҷири тоҷики ин музофот мавриди боздошт қарор гирифтаанд. Хабаргузории Интерфакс бо истинод ба масъули бахши таҳқиқи парвандаҳои муҳимми додситонии Ханти-Мансийск Дмитрий Шерман иттилоъ додааст,ки куштори шаҳрвандони Тоҷикистон ба шумули се ноболиғи аз 8 то 12-сола рӯзи ҷумъаи гузашта дар маҳаллаи берун аз шаҳрии «Чистие пруди» сурат гирифтааст. Дмитрий Шерман афзуд, муттаҳамон бо ҳадафи рупӯш кардани ҷинояти худ манзили афроди кушта шударо оташ задаанд.
Дар ҳоли ҳозир гуфта мешавад додситонии музофоти Ханти-Мансийск дар заминаи куштори шаҳрвандони Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
XS
SM
MD
LG