Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарҷумони фарҳангҳо


Ибораи "тарҷумони фарҳангҳо" ҳафтаи гузашта дар рӯзномаи "Ню Йорк Таймс" ба чашмам бархӯрд дар мақолае ки ба зиндагиномаи Ричард Капушински журналисти лаҳистонӣ бахшида шудааст. Чаҳор китоби ӯ ба ҷоизаи Нобел пешниҳод шуданд, ки яке аз зиндагӣ дар Иттиҳоди шӯравии собиқ ҳикоят мекард, дигаре аз инқилоби исломӣ дар Эрон, саввумӣ аз табаддулоту шӯриш дар Африқо ва чаҳорумӣ аз ҷангҳои Амрикои Лотин.

Ричард Капушински журналисте буд, ки дар марзи сензураи замони шӯравӣ дар Лаҳистон рахнаеро кафш кард ва аз он ба ҷаҳони озод баромад. На вай монанди журналистони дигарандеши шӯравӣ, кишварашро тарк накард, дар Ғарб паногоҳ наҷуст ва то поёни умр дар хабаргузории расмии Лаҳистон ПАП, ниҳоде монанди ТАСС ё "Ховар" кор кард. Рахнае ки ӯро ба ҷаҳон муъаррифӣ намуд, аз лиҳози макон, навиштан дар бораи кишварҳои хориҷӣ буд, тибқи масали "духтарам, ба ту мегӯям, арӯсам, бишунав" ва аз лиҳози сабк ба журналистикаи маҷозӣ пайванд мегирифт, ки онро метавон вокунишҳои зеҳн ба рӯйдодҳои рӯз номид.

Аз Дибора Сюард, собиқ хабарнигори Ассошиейтед Пресс, ки замоне бо Капушински ҳамкорӣ кардааст, мепурсам, асли комёбии ӯ чӣ буд?

"Нахустин таҷрибаи ӯ дар Африқо барояш даст дод. Вай ҳамчун хабарнигор ба ин қора фиристода шуд. Ва ӯ нигоҳи вижае дошт, ки ин воқеъиятро бубинад. Ва дар ҳоле ки вай вазифаи рӯзмарраи худро анҷом медод, яъне навиштани навгониву гузориш аз инқилобу ҷанг ва шӯришҳо барои хабаргузорӣ, баъдаш шомгоҳон берун мерафт, то бо одамони оддӣ биншинад, сӯҳбат кунад, бихонад ва талошаш ин буд, ки фазоро дарк кунад ва барои хонандае, ки аз ӯ ҳазорон фарсах дур ва дар Лаҳистони паси пардаи оҳанист, онгуна нависад, ки кас худро дар он мулк эҳсос намояд, дар ҷое ки ҳатто орзуи диданашро надошт."

Ва аз журналисти швед, яке аз дӯстони Капушински, корманди рӯзномаи шведии "Dagens Nyheter" Диза Ҳастад пурсидам, оё вай чӣ касе буд?

"Вай касе буд саршори ҳазлу шӯхӣ ва касе буд, осонрав. Ва хеле ҷӯянда. Сайёҳатро дӯст медошт. Дар сафарҳояш ба ҳар сахтӣ тобовар буд. Дар ҷое ки дигарон барои худ ҷонпос ё мошинҳои махсусу гурӯҳи ёварону тарҷумонҳо фармоиш медоданд, вай танҳову оддӣ амал мекард. Дар сӯҳбат бо мардум суолҳои оддӣ медод. Вай хабарнигори эъзомии олӣ набуд. Ҳамчун хабарнигор хабарҳои кӯтоҳ мефиристод, ки чӣ буд, чӣ шуд, кӣ ва кай. Ин кори гузоришгарӣ буд. Аммо вай на фақат бо ин кор машғул буд, балки хеле мутаассир мешуд ва ба таассуроти худ низ тамаркуз дошт, ки дертар дар китобҳои ӯ, ҳамчун тавлидоти изофагӣ ҷой гирифтанд.

Аз ҳарду сӯҳбат ба натиҷае мерасем, ки дар паҳлуи хабарҳои ҳаррӯза Капушински мушоҳидаҳои худро ҷамъ меовард ва дертар чизҳое менавишт, ки дар матбуоти, масалан, Тоҷикистон, дар гӯшаи "Аз блокноти журналист" нашр мешуданд. Аммо ҳамкоронаш мегӯянд, вай ҳаргиз монанди журналистони дигар, ҳангоми сӯҳбат бо навиштани қайдҳои кӯтоҳ машғул намешуд. Дебора Сюард мегӯяд: "Вай як марди бисёр ороме буд. Вақте як бор ӯро дида будам, ончи ба чашмам хӯрд, шармгини зиёди ӯ буд. Аммо вай як шунавандаи фавқулодда буд. Мумкин вақти сӯҳбат даҳҳо саҳифа қайд намегирифт, аммо ҳамеша бисёр мушоҳидакори борикбин ва шунавандаи олиҷаноб буд. Баъдаш вай ба хонаи хурдакаки худ дар Варшава бармегашт ва ором нишаставу ҳама чиро дар зеҳнаш дубора зинда мекард. Ба ёд меовард, чиро дида буд ва аз ҳама муҳимаш чиро шунида."


Аз дӯсти Капушински, журналисти швед Диза Ҳастад мепурсам, бисёриҳо дар жанри, ба истилоҳ, "блокноти журналист" осоре навиштаанд, вале осори Капушински ва худи ӯ дигар буд, магар на?

"Бале вай дигар буд. Пеш аз ҳама барои он ки таърихро ба таври тезу борик ҳис мекард. Ва мегуфт, аз Ҳеродот сар карда то ҳоло ҷаҳон ҳамонест, ки буд. Ҳамон талоши қудрат, ҳамон хиёнатҳо, ҳамон ҷангу куштор. Баъзеҳо ӯро танқид мекарданд, ки андешаҳои шахсии худро менависад, вале агар нек бингарем, он ҷо фақат воқеъиятро мебинем. Вақте китобаш дар Амрико чоп мешуд, маҷбур шуд, бигӯяд, инҳо эссейҳои мананд ва ин таърихнигории фалсафист, аммо ин китоби фактҳо ва гузоришҳо буд."

Ричард Капушински 74 сол пеш дар деҳаи Пински Лаҳистон, ки ҳоло дар ҳудуди Белорус аст, зода шуда, дар синни кӯдакӣ шоҳиди ҳамлаи Олмон ба Лаҳистон ва ҳамлаи ҷавобии Артиши Шӯравӣ будааст.
Капушински дар хурдсолӣ машаққати гуруснагӣ ва бекасиро кашида, инро ҳам дидааст, ки чӣ тавр мардуми ақвоми гуногун охирин бурдаи нон ва вопасин қатраи обро бо ҳам қисмат мекарданд. Вай дертар, вақте ки бо гурезаҳои африқоӣ пойлучу пиёда биёбонро мегузашт, шояд он кӯдакиҳоро ёд мекард.

Деббора Сюард мегӯяд: "Ба фикрам, ҷанг ба ӯ таъсири амиқ гузошта буд. Вай кӯдаки хурдсоле дар рустои Пинск буд, ки ҳоло дар қаламрави Беларус аст ва ҷангро бо чашмони худаш дида буд. Вақте кӯдак буд, пойафзол надошт, пӯшида, ба мактаб равад. Шояд ин буд, ки вай бо одамон худро нороҳат ҳис намекард, худро яке аз онҳо медонист, ба онҳо хеле наздик буд. Чи дар Африқо, чи дар Эрон ва чи дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ. Хуллас, ончи медид, барояш бегона набуд ва ҳамдардии бузурге дошт бо онҳое ки дар бораашон менавишт."

Ва аз Диза Ҳастад мепурсам, агар Ричард Капушински дар ҷои дигаре, замони дигаре ба дунё мемад ва ончиро ки аз сар гузаронд, намегузаронд, оё чунин касе мешуд?

"Эҳтимолан на. Ҳаёти шумо ҳамеша ба шумо таъсир мегузорад. Ба фикрам, вай қашшоқии ҳақиқиро медонист. Ва тарсро дар замони ҷанг. Ва алами паноҳандагиро. Ва аз даст додани ватанро, вақте ки Артиши Сурх деҳаи ӯро ишғол кард. Чизи дигаре ки муҳим аст, имкони муқоиса мебошад. Вай дар Лаҳистон мезист, сипас, ба Африқо арфт, баъдан ба Эрон ва ғайра. Бисёр чизҳоро дид ва бо ҳам қиёс кард. Ин саргузашт ва ин омехтагӣ таъсири амиқ дошт ва албатта, чизи дигар, ин рӯҳ ва андешаи озоди ӯ буд. "

Нависандаи саршиноси амрикоӣ Ҷон Апдайк дар шумораи ахири маҷаллаи Ню Йоркар дар бораи осори Капушински навишт, "китобҳои Капушинкски як тамоюли гурезнопазири ҳокимони золимро таъкид мекунанд, ки агар шоҳанд ё вазир, нозири маҳбас ё диктатор, ҳаркӣ бошанд, ба таври яксон садоқати зердастонро аз тавонмандии онҳо болотар мегузоранд ва амниятро дар рукуд меҷӯянд." Агар як нуктаи осори Капушински ин бошад, нуктаи дигараш кашфи механизм ва муаррикони инқилоб аст. Худи ӯ дар як мусоҳибааш бо хабарнигори Радиои миллию ҷамъиятии Амрико мегӯяд:

"Шурӯъи инқилоб як масъалаи равонист. Дар ҷаҳон бисёр кишварҳост, ки мардумонашон дар шароити баду тоқатшикан ба сар мебаранд. Вале дар ҳамаи онҳо инқилоб рӯй намедиҳад. Лаҳзаи оғоз он лаҳзаест, ки одамон, оммаи мардум, сарбанди тарсро мешикананд ва дар ҳоле ки метавонанд, худро назорат кунанд, хостори тағйири ҳаёти худ мешаванд. Чизи асосӣ ин аст, ки пеш аз ҳама гуна инқилоб онҳо ҳамаи роҳҳои мумкини беҳбуди зиндагии худро ба кор баранд. Инқилоб қадами ниҳоӣ ва навмедонаи онҳост. Аммо аксари инқилобҳо муваффақ нестанд. Барои он ки оқибати онҳо фақат тағйири гурӯҳи соҳибқудрат аст."

Ин суханонро Капушинкси дар посух ба пурсишҳое гуфтааст, дар бораи оғози инқилоб дар Эрон дар соли 1979 ва зимни баррасии китоби ӯ бо номи "Шоҳаншоҳ".

Оё дуруст аст, ки Капушински дар ин китоб дар бораи Эрон ончиро навишт, ки дигарон нанавиштаанд. Пурсидам аз собиқ хабарнигори Ассошиейтед Пресс Дебора Сюард: "Ман фикр мекунам, шумо мутлақан ҳақ ҳастед. Яке аз китобҳои ӯ, ки ба ман таъсири бузурге дошт, ҳамин китобест дар бораи Эрон. Ман тасаввур мекардам, ки вай дар ҳуҷраи меҳмонсаро аксу наққошиҳои зиёд, китобу ашъор ва бурдаҳои рӯзномаро ҷамъ оварда буд. Чизҳое ки ба фикри ӯ, муҳим буданд, вале на лузуман барои навиштани хабару гузориш. Вале ба воситаи онҳо вай манзараи Эронро тавсир мекунад, ба воситаи онҳо аз рӯҳониён, президентҳо ва ҳодисаҳо ҳарф мезанад, аз ончи ки ҳаёти ҳаррӯзаро ташкил медиҳад."

Аз донишманди эронии муқими Лондон, як шоҳиди зиндаи рӯйдодҳои инқилобии Эрон, Алиризои Нуризода пурсидам, оё бардошти ӯ аз китоби Ричард Капушински "Шоҳаншоҳ" чист?

"Бардошти ман ин аст, ки дар китоб фаҳмиши мардумони мо дар бораи ҳокимият ба таври хеле рӯшан таҳлил шудааст. Онҳое ки дар Машриқзамин ба сар мебаранд, дар бораи ҳоким ва ё қудрат фаҳмише доранд, ки аз ғарбиён фарқ мекунад. Ва аз сӯи дигар саргузашти худи шоҳ аз диди тозае баррасӣ шудааст. Шасхе ки ҳама фикр мекунанд, ин қадар тавоност, бар асари беморӣ ва он ки қудратҳои ғарбӣ ӯро раҳо кардаанд, ба қаҳрамонҳои нотавони Шекспир монанд мешавад. Бо вуҷуди он ки ҳамчун як рӯзноманигори шоҳиди рӯзҳои инқилоби Эрон ба бархе аз нукоти китоб назари дигар дорам, фикр мекунам, ин беҳтарин асаре дар бораи он рӯйдодҳост, китоби аҷиб ва муфидест."

Аз корманди рӯзномаи шведии "Dagens Nyheter" Диза Ҳастад, ки оё аз чӣ Капушинскиро "тарҷумони фарҳангҳо" номидаанд:

"Ба фикрам, вай маҷбур мекард моро ки ба умқи фарҳангҳои дигар нигарем. На танҳо аз нигоҳи худи ӯ, балки аз нигоҳи одамони оддии ин фарҳангҳо. Шояд иштибоҳҳое мекард, вале чизҳои наве илова менамуд. Масалан фаҳмиши мардумиро."

Ва айни суол ба корманди собиқи Ассошиейтед Пресс Дебора Сюард:

"Ман фикр мекунам вай як тамсилнавис ё ҳикматнавис буд. Дар назари аввал гӯё дар бораи Эфиопия ваё Эрон менавишт, вале дар асл дар бораи одамоне менавишт, ки дар ҷомеаи фишоровар ба сар мебаранд. Зимни ин, дар бораи онҳое ки дар кишвари вай зери фишори режими давраи шӯравӣ буданд. Дар китобҳои ӯ, бешак, пиндошту тахайюлоти ӯ низ ҳузур доранд. Хаёлҳое, ки бо дидани ин ё он воқеъият дар зеҳн ба вуҷуд меоянд. Ин як раванди гузиниш буд беш аз ҳама. Ба фикри ман падидаи мӯъҷизаосо ин буд, ки вай ба онҳое ки дар бораашон менавишт, як эҳтироми азиме қойил буд. Вай дарвоқеъ онҳоро дӯст медошт. Вай дар бораи равандҳо ё ҳодисаҳо на, балки дар бораи одамон менавишт ва ба фикрам, маҳз ҳамин чиз осори ӯро машҳур гардонд. Вай хеле инсонгаро ва фурӯтан буд, ки кас мехост, пешаш бошад."
XS
SM
MD
LG