Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии роҳҳои таҳияи лоиҳа дар Душанбе


Ниҳодҳои Тоҷикистон барои дарёфти сармояи хориҷӣ аз кишварҳои кӯмаккунанда дар як ҳамоиш бо созмонҳои байналмилалӣ масъалаи мутобиқ кардани тарҳҳои пешниҳодӣ ба меъёрҳои байналмилалалиро мавриди баҳс қарор доданд.


Бархе аз намояндагони вазоратҳои Тоҷикистон мегӯянд, даҳҳо тарҳҳои марбут ба соҳаҳои мухталифро пешниҳод мекунанд, аммо дар иваз посухе дарёфт намекунанд. Аммо Хосе Садия, раҳбари лоиҳаи созмони байналмилалии ТАСИС мегӯяд, дар бархе аз тарҳҳои пешниҳодии ниҳодҳои Тоҷикистон, ҳаҷми маблағ ва нақшаи мушаххас ҷиҳати масрафи маблағ дақиқан нишон дода намешавад. Ҷаноби Хосе гуфт, ҳар созмон ё кишвари кӯмакрасон танҳо дар сурати ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ будани ин лоиҳаҳо онҳоро қабул ва маблағгузорӣ мекунад.


Яҳё Ваҳҳобов, мудири бахши муҳоҷирати Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон таҷруба ва машваратҳои созмонҳои байналмилалиро дар роҳи таҳияи дурусти тарҳҳо як иқдоми дуруст мешуморад. Коршиносон бар ин назаранд, ки яке аз сабабҳои ба кундӣ амалӣ шудани барномаи миллии ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва рушди иқтисод дар кишвар ин будааст, ки дар Тоҷикистон то имрӯз ҳеҷ як заминае оид ба омӯзиши таҳия ва ҳамоҳангсозии чунин лоиҳаҳо вуҷуд надоштааст. Бино ба иттиллоъи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир, 51 лоиҳаи иқтисодӣ, ки аз ҷониби ниҳодҳои ҳаётии кишвар ба созмонҳои байналмилалии молӣ пешниҳод шудаааст, дар ҳоли татбиқ ва даҳҳо тарҳи дигар, мавриди баррасӣ қарор доштааст.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG