Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ. Талоше дигар ба сӯи порлумон


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шахсиятҳои саршиносашро бо ҳадафи касби бештари курсиҳо дар Маҷлиси намояндагон ба интихоботи миёндавраӣ пешниҳод кардааст. Ба эътиқоди коршиносон, дар баробари Ҳизби халқӣ демократӣ - ҳизби ҳукмрони Тоҷикистон, имконияти камтар ба пирӯзӣ доштааст, аммо дар қиёс бо аҳзоби дигари мухолифи ҳукумат кӯшишҳои Ҳизби наҳзат ҷиддитар арзёбӣ мешаванд.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сарвари маркази таҳлилию иттилоотии ҲНИТ мегӯяд, агар интихобот шаффоф, озод ва тибқи муқаррароти қавонини Тоҷикистон баргузор шаванд, ҳизбаш дасти кам дар 2 аз 5 ҳавзаи интихоботӣ ғолиб хоҳад омад.

Тибқи қарори Кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон, дар 5 ҳавзаи интихоботии кишвар ба далели ба ҳокимияти иҷроия гузаштани намояндагони мардумӣ интихоботҳои миёндавраӣ баргузор мешаванд. Рӯзи 11 феврал дар ҳавзаҳои Восеву Қабодиён ва 1 апрел дар ҳавзаҳои Исмоили Сомонӣ, Кӯлоб ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар 4 ҳавзаи ахирӣ номзадҳои худро ширкат медиҳад. Дар қатори онҳо Сайид Умар Ҳусайнӣ аз ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ ва Сайид Иброҳими Назар аз ҳавзаи Кӯлоб номзадии худро пешниҳод хоҳанд кард, ки аз чеҳраҳои саршиноси ҳизб маҳсуб мешаванд. Ва ба иддаои Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сарвари маркази таҳлилию иттилоотии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Сайид Иброҳими Назар дар интихоботи парлумонии соли 2005 аксарияти ороро дар ҳавзаи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба даст оварда буд, аммо бо далели шумори нодилонаи овозҳо мағлуб эълом шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Мӯсо Асозода, раиси дафтари Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз барои се ҳавза ҳизбаш номзади худро муайян накардааст ва ҳеҷ гоҳ аз ҳукуматҳои иҷроия ва ё дигар воситаҳои маъмурие, ки дар даст дорад, истифода намекунад. Аммо коршиносон далоили дигарро низ дар шикасти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пешбинӣ мекунанд. Саъидҷафъар Афзалӣ, корманди Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз он имконияту обрӯе, ки онро дар баробари Ҳизби халқӣ демократӣ ба музаффарият расонад, бархӯрдор нест.

Аммо як иддаи дигари коршиносон бар онанд, ки агар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар интихобот беҳтарин номзадҳои худро ҳам ширкат диҳад, муваффақ намешавад. Марат Мамадшоев, коршиноси сиёсӣ мегӯяд, ҳар ҷо ки номзади Ҳизби Наҳзат ҳаст, ба як навҳаҳои ғайрирасмӣ таблиғот алайҳи ин ҳизб ҳамчун як ҳизби исломӣ - ифротӣ сурат мегирад, то мардум тарсанд. Вай афзуд, дар асл ин ҳизб имкониятҳои васеъи ғалаба дар интихоботро дорад. Оқои Мамадшоев гуфт, ҳатто ғалаби як номзади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро кишварҳои дигар вусъат ёфтани исломи сиёсӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд ва эҳтимол дорад, аз сӯйи онҳо фишор ба ҳукумати Тоҷикистон низ афзоиш ёбад.

Тибқи иттилооти расмӣ, аз 63 вакил дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 2 нафар аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, 4 нафар аз Ҳизби коммунист, 7 намояндаи мустақил ва боқимонда 50 нафар аз Ҳизби халқӣ-демократӣ намояндагӣ мекунанд. Коршиносон мегӯянд, як далели дигари бохти номзадҳои Ҳизби наҳзати ислом дар он аст, ки ширкати аҳзоби сиёсӣ дар Маҷлиси намояндагон баъди интихоботи миёндавраӣ ба эътимоли қавӣ тағйир нахоҳад хӯрд. Онҳо бар онанд, ки ҳар гуна тағйирот дар ин тавозун, ки аз сӯйи сиёсатҳои ҳукумати кишвар муайян шудааст, заъфи ҳизби ҳукмрони халқӣ-демократиро нишон медиҳад ва низ ба мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байнулмилал асар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG