Пайвандҳои дастрасӣ

Санади машаққати муҳоҷирон


Вазъияти буду боши сахти муҳоҷирони тоҷик ҳатто ҷамъиятҳои Тоҷикони муқими Маскавро чунон нигарон кардааст, ки онҳо дар бораи зиндагии сахти муҳоҷирон дар Русия як филми мустанад мавсум ба «Асрори муҳоҷират ва фоҷеъаи муҳоҷирони тоҷик» ба навор гирифтанд ва ахиран ин филмро дар бинои Кохи фарҳанги миллатҳо пешкаши тамошобинон карданд. Яке аз таҳиякунандагони ин филм Каромат Шарипов, раиси созмони «Тоҷик-диаспора» мегӯяд, ки ин филм дарду алами ҳамаи модарони тоҷик аст, ки фарзандонашон дар Русия муҳоҷиранд:

"Куштор, аз байн бурдани тоҷикон дар ин филми мустанад нишон дода шудааст, ва касе ба ҷиноят кашида нашудааст. Ин филм барои ояндаи муҳоҷирон ва миллати имрӯзаи тоҷик дар Тоҷикистон хеле муҳим аст. Мо аз СММ ва ОБСЕ хоҳиш мекунем ки назари худро дар бораи ин филм ба мо бигӯянд, чунки фикрҳои онҳо ба мо лозим аст."

Дар муаррифии ин филм на танҳо ҷамъмиятҳои тоҷикон, балки намояндагони ақаллиятҳои миллии Афғонистон, Озарбойҷон Гурҷистон ва ғайра низ ширкат доштанд. Маҳмуди Яфталӣ, раиси ниҳоди афғонӣ ба номи «Сулҳу тафоҳум» пас аз намоиши филм гуфт, ки ҳеҷ инсон чунин вазъияти тоҷиконро дар Русия тасаввур ва пазируфта наметавонад:

"Бо камоли таассуф филме ки имрӯз мушоҳида кардем, ин рости ба ҳеҷ шакл инсон инро наметавонад бипазирад, ки дар Федератсиюни Русия як кишвари пешрафта хусусан дар шаҳри Маскав муҳоҷироне, ки аз кишварҳои дигар ҳастанд ба хусус аз Тоҷикистон ба шакли бисёр фалокатбор ва ба шакли бисёр ғайриинсонӣ ва бархӯрди хусусан пулис сурат мегиранд."

Дар ҳамин ҳол, Додоҷони Атовулло, рӯзноманигор ва сардабири «Чароғи Рӯз» дар бораи филм чунин изҳори ақида кард:

"Ин филме, ки мо имрӯз тамошо кардем, воқеан, як айбнома, як санад, як гуноҳнома дар ҳаққи ҳукумати Душанбе буд. Дар ҳаққи ҳукумате, ки шаҳрвандонаш, ҷавононаш, муаллимонаш, табибонаш, ҳакимонаш дар кишвари бегона мисли ғулом ба сар мебаранд ва касе аз ин ҳукумат ба ҳимояи инҳо сар баланд намекунад. Ин мардум шаҳрванди Тоикистон ҳастанд, ин мардумро бояд ҳукумати Тоҷикистон бояд ҳимоят кунад."

Хуршеда Ҳамроҳқулова, раиси маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Маскав, ки дар ин намоиш ширкат дошт, гуфт, ки ин филм пеш аз ҳама барои мардуми рус ва Русия аст. Вай гуфт, ҳангоми тамошои ин филм ба риққат омадааст ва ашк дар чашмонаш ҳалқа задааст. Вай гуфт, гиряаш аз он будааст, ки дар замони осоишта ҳамватанонаш ба ҷои хондан ва таъмини ояндаи дурахшони кишвари худ бидуни гуноҳе қурбон мешаванд ва додхоҳе пайдо намешавад, ки барои ислоҳи вазъ талош кунад.
XS
SM
MD
LG