Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи синамогарон панҷ узви нав қабул кард


Иттиҳодияи синамогарони тоҷик, ки чанде пеш панҷ коргардони ҷавонро ба узвияташ пазируфт, умедвор аст, ки ҷавонони боистеъдод барои эҳё ва афзун намудани шӯҳрати пешинаи синамои тоҷик, ки ба вазъи сангин рӯбарӯст, мусоидат хоҳанд кард.

Далер Раҳматов, яке аз он коргардонҳои ҷавон мегӯяд, ҳарчанд онҳо аз шомил шудан ба ин иттиҳодия ягон манфиати молӣ намебинанд, аммо ҳамин узвият боиси дилгармӣ ва тавлиди ғояҳои тоза дар фаъолияти минбаъдаи онҳо мегардад.

«Қаблан ба аъзоёни иттиҳодияро ҳатто бо манзил таъмин мекарданд ,аммо ҳоло мо ягон дастгирии молиявӣ намебинем. Лекин мо аз он фахр мекунем, ки моро ба ҳайати ин иттиҳодия пазируфтанд ва ин барои эҷод кардан ба мо қувват медиҳад.Бояд гуфт, мо аллакай дар фикри таҳия ва дарёфти маблағ барои ду филми нав ҳастем ва тамошобинони тоҷик имкон доранд ин филмҳоро соли оянда тамошо кунанд.»

Дар Тоҷикистон теъдоди филмсозони ҷавоне, ки дар чанд соли ахир филм офаридаанд, ангуштшуморанд. Аз миёни онҳо танҳо метавон Далер Раҳматов ва Умед Мирзошириновро ном бурд, ки тавонистаанд бо таҳияи филмҳои "Овора", "Муҷҷасамаи ишқ" ва "Муҳаббат" шӯҳрат касб кардаанд. Далер Раҳматов мегӯяд, аз як сӯ, мушкилоти молӣ, аз сӯи дигар камбуди коргардонҳои ҷавони ҳирфаӣ барои таҳияи филмҳои хуб ва бозоргир халал эҷод мекунанд,

Дар ин зимн, Қурбони Собир, мудири шӯъбаи актёрии донишгоҳи ҳунарҳои зебо гуфт, теъдоди ҷавононе, ки воқеъан истеъдод доранд ва барои такмили ҳунари худ дар риштаи бозигарӣ ва коргардонӣ таҳсил мекунанд, кам андар кам аст, зеро онҳо аксаран аз пайи соҳаҳои сердаромад мешаванд. Ва онҳое ҳам, ки дар ин шӯъба мехонанд, аз ноилоҷӣ ва набуди интихоби дигар, маҳз пешаи коргардонӣ ва ё актёриро ихтиёр кардаанд: "Онҳое , ки ягон ҷо корашон омад намекунад ва дониши паст доранд ва ҳам имкони пулӣ барои таҳсил дар дигар донишгоҳҳои бонуфузро надоранд, аз ҳама охир ба ҳамин донишгоҳ меоянд ва мо аслан бо донишҷӯёни брак кор мебарем. Ва баъд коргардон будан хело мушкил аст, чун дар вуҷуд ва хуни ин донишҷӯ агар ин истеъдод вуҷуд надошта бошад, аз ӯ коргардон сохтан номумкин аст."

Оқои Собиров афзуд, шӯъбаи онҳоро ҳамасола 12 нафар хатм мекунанд ва аммо бо иллати мушкили иқтисодӣ танҳо 2 ва ё 3 нафарашон аз рӯи ихтисос кор мекунанду бас. Воқеан дар ҳузури мо Қурбони Собир акси як гурӯҳи хатмкардаҳои соли қаблияшро нишон дода гуфт, ки онҳо истеъдодҳои хуби чанд соли ахир буданд ва ҳоло дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебаранд.

Исмоил Шарифов, донишҷӯи бахши панҷуми шӯъбаи коргардонӣ мегӯяд, дар баробари филмсозияш ҳатман шуғли дигар низ хоҳад дошт.

« Ман мехоҳам дар оянда коргардони хуб шавам ва барои офаридани синамо дар кишвар даст дошта бошам. Вале дар баробари ин ман овозхонӣ низ хоҳам кард.»

Зимнан, ҳукумати Тоҷикистон дар авохири соли 2006 «Барномаи рушди синамо барои солҳои 2006-2011»-ро ба тасвиб расонд, ки бар тибқи он бо дастгирии молии ҳукумат як гурӯҳи ҷавонон дар донишкадаҳои санъати кишварҳои хориҷӣ таҳсил хоҳанд кард ва пасон барои кори доимӣ ба киностудияи «Тоҷикфилм» даъват хоҳанд шуд. Аммо коршиносон мегӯянд, аксари синамогарони ҷавони тоҷик , ки орзуи эҳёи "Тоҷикфилм"-и як замон шӯҳратёрро доранд, медонанд, ки бо он мушкилоти иқтисодие, ки домангири Тоҷикистон аст, эҳёи синамо дар ин чанд соли наздик имконнопазир аст.
XS
SM
MD
LG