Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори Эмомалӣ Раҳмонов бо Ҳуснӣ Муборак


Дар чаҳорчӯби сафари тозаоғози худ ба Миср Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти ин кишвар - шаҳри Қоҳира бо Ҳуснӣ Муборак, президенти Миср мулоқот ва гуфтугӯ анҷом дод. Тибқи иттилоъи хабаргузориҳо, дар меҳвари ин мулоқот масоили дурнамои ҳамкориҳои тарафайн, алалхусус дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, кишоварзӣ, саноати сабук, туризм, сохтмон, маориф ва илму фарҳанг қарор доштааст.


Ҳамкориҳои муштарак дар мубориза бо хатарҳои ҷиддии ҷаҳони муосир дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) ва Конфронси Исломӣ низ аз самтҳои пураҳамият дар муносиботи миёни ду кишвар арзёбӣ шудааст.


Раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ба манзури тавсеаи муносиботи ду кишвар дар Душанбе ва Қоҳира ҳар ду кишвар сафоратҳои худро ифтитоҳ намоянд.


Боздиди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумҳурии Миср се рӯз идома меёбад ва қарор аст, дар пайи он чанд созишномаи тарафайн ба имзо расад. Дар ҷараёни ин сафар қарор аст, Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчунин аз пойтахти Сурия - шаҳри Димишқ низ боздид ба амал орад.
XS
SM
MD
LG