Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати адлия Саидҷаъфар Исмоновро чун раиси ҲДТ нашинохт


Вазорати адлияи Тоҷикистон дархости гурӯҳе аз демократҳои кишварро барои шиносоии расмии Сайидҷаъфар Исмонов ба унвони раиси ҲДТ рад намуд.


Вазорати адлияи Тоҷикистон ба таъйиди ин хабар гуфт, баъд аз анҷоми баррасии асноди пешниҳод намудаи гурӯҳи ҷонибдорони Сайидҷаъфар Исмонов ба чунин натиҷа расидааст, ки Масъуд Собиров ҳамчунон раиси эътирофшудаи ҲДТ боқӣ мемонад. Давлат Сулаймонов, сардори раёсати сабти номи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии вазорати адлияи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, зимни баргузор кардани Анҷумани гурӯҳи Сайидҷаъфар Исмонов ойиномаи Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ нақз шудааст. Бинобар ин, афзуд оқои Сулаймонов, Анҷуман ғайриқонунӣ ҳисобида шуда ва дархости аз нав ба қайд гирии ҳизб рад шудааст.


Гурӯҳи Сайидҷаъфар Исмонов бо баргузори Анҷумани фавқуллода дар таърихи 14 январи соли равон Масъуд Собировро ба камфаъолиятӣ муттаҳам ва аз раҳбарии ҳизб барканор карда буд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG