Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сухан дар Тоҷикистон дар соли 2006 то чӣ андоза озод буд?


Дар гузориши солонаи Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон мавридҳои коҳиш ёфтани озодии сухан дар Тоҷикистон дар соли 2006 номбар шудааст.

Ба гуфтаи муаллифон, дар соли 2006, ки дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин маъракаҳои сиёсӣ, интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуд, матбуоти мустақил ва расонаҳоии хориҷии дар кишвар сабтиномшуда бештар мавриди фишори мақомот қарор гирифтааст. Ҳамчунин тағйирот ба қонуни матбуоти кишвар, ки сабти дубораи матбуоти мустақил дар вазорати фарҳангро тақозо мекунад, як ҷанбаи дигари фишороварӣ ба матуботи мустақил унвон мешавад.

Ба навиштаи гузориш, ин дар ҳолест, ки вазъи ба даст овардани муҷаввизи телевизиону радиоҳои мустақил ҳанӯз бетағйир боқӣ мондааст. Ва аммо дар ҳамин ҳол гузориши Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, вазъи озодии матбуот дар кишвар ва фишору таъқиб бар сари хабарнигорон дар соли 2006 дар қиёс бо солҳои гузашта беҳбуд ёфтааст.

Абдулфаттоҳ Воҳидов, ҳамоҳангсози барномаи назорат бар вазъи ҳуқуқи хабарнигорони Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон коҳиш ёфтани муроҷиати нақзи ҳуқуқи хабарнигорон то 147 маврид, сабт шудани танҳо 2 мавриди таҳдиди хабарнигорон, ҳамчунин сабти рӯзномаҳои мустақил ва муҷаввиз ба даст овардани чанд телевизиону радиои мустақилро беҳбуд ёфтани вазъи озодии матбуот дар кишвар унвон мекунад.

Оқои Воҳидов ҳамзамон фишор ба матбуоти мустақил дар арафаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва қатъ кардани дастрасӣ ба чанд сомонаи хабарии хориҷӣ дар кишварро аз мавридҳои маҳдуд сохтани озодии сухан дар кишвар ном мебарад. Ва аммо ин дар ҳолест, ки Мухтор Боқизода, раиси бунёди дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорони Тоҷикистон ва сардабири рӯзномаи аз нашр бозмондаи «Нерӯи Сухан» мегӯяд, мутаассифона дар соли 2006 авзоъи озодии сухан дар кишвар ба маротиб коҳиш ёфт ва як далели аслии он баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ буд. Ҳамзамон ӯ гуфт, ҷилавгирӣ аз фаъолияти нашрияҳои мустақил дар як соли қабл аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки назари интиқодомез ба фаъолияти ҳукумат доштанд, як амали қаблан тарҳрезӣ шуда буд ва маҳз ба ин маъракаи сиёсӣ иртибот мегирифт ва низ натиҷагирӣ шуд.

Вале масъулини расонаҳои хабарии кишвар мегӯянд, усули аслии нақз шудани озодии сухан, ҷилавгирӣ аз нашри рӯзномаву ҳафтаномаҳо ҳанӯз боқист, ки ин усул барои ҳукуматдорон пурсамар ва то ҳадде безарар аст. Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи тозанашри «Фараж» мегӯяд, агар чӣ ҳукуматдорон дар мавриди озодии сухан бо сабтиноми чанд рӯзномаи мустақил ва ё телевизиону радиоҳои мустақил дар ҳузури созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ худро сафед карданӣ мешаванд, аммо аз саддгузориҳои мақомот ба фаъолияти ин расонаҳо ҳарф намезананд ва мудом дар ҳама гузоришу ҳисоботи худ аз афзоиши теъдоди расонаҳои хабарӣ мегӯянд, ки бештарини онҳо ҳатто нашр намешаванд.

Аксари ҳамсӯҳбатони ман ба он ишорат мекунанд, ки дар як-ду соли оянда фишорҳо ба сари хабарнигорон ва расонаҳои хабарӣ эҳтимол камтар сурат бигирад, зеро дар ин муддат маъракаҳои муҳими сиёсӣ баргузор нахоҳад шуд ва низ ҳукумат ба андешаи онҳо ба ҳар моҷароҳои атрофии расонаҳои хабарӣ таваҷҷӯҳи зиёд нахоҳад кард, балки хомӯширо пеша мекунад.
XS
SM
MD
LG