Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ: Соли 2006 55 хабарнигор кушта шуданд ва бештар аз ҳама - дар Ироқ


Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) дар гузориши солонааш, ки рӯзи душанбе, 5 феврал нашр шуд, менависад, ки тайи соли 2006 дар ҷаҳон 55 хабарнигор, аз ҷумла 32 нафар танҳо дар Ироқ зимни иҷрои вазифаи касбии худ ба ҳалокат расидаанд. Ин дар ҳолест, ки соле пеш шумори хабарнигорони кушташуда дар саросари ҷаҳон 47, яъне 8 нафар камтар буд. Бино бар ин гузориш, шумори хабарнигорони зиндонӣ порсол афзуда, ба 134 нафар расидааст. 31 хабарнигор дар Чин ва беш аз 40 нафари дигар дар ду кишвари африқоии Эфиопия ва Эритрея тайи соли 2006 ба додгоҳ кашонида шудаанд.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон дар гузоришаш ба шиддат ба танқиди руъасои ҷумҳуриҳои Русияву Венесуэла Владимир Путин ва Ҳуго Чавес пардохта, онҳоро ба маҳзи роҳандозиии роҳҳои нави таҳти назорати давлат овардани матбуот "демократизатор" ном додааст. CPJ менависад, ки Путин ва Чавес роҳу усули демократиро дар кишварҳои худ танҳо зоҳиран муроот мекунанд, вале дар асл демократияро зери по карда, қонунро ба як василаи дигари назорат, тарс додан ва сонсури расонаҳои хабарӣ табдил додаанд. Гузориши СPJ меафзояд, тайи 7 соли раҳбарии Владимир Путин дар Русия 13 хабарнигор кушта шуданд, вале то кунун ягон парвандаи қатли хабарнигорон ба додгоҳ нарасидааст. Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон менависад, чунин ҳол забони хабарнигоронро мебандад ва аз табдил ёфтани Русия ба "як кишвари тарсу ҳарос" амалан Владимир Путин фоида мебарад.

Ҷоэл Саймон, мудиромили кумитаи дифоъ аз хабарнигорон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳамин тавр вазъи матбуот дар Осиёи Марказиро низ нигаронкунанда номид: "Осиёи Марказӣ минтақаест, ки фазои иттилоотиаш, мутаассифона, торафт маҳдудтар мешавад. Туркманистон худро барвақт ба як ғори торик табдил дода, амалан дар рӯйхати сиёҳи 10 кишвари сонсуркунандаи матбуот ҷой гирифтааст. Узбакистон ҳам бо суръат дарҳои худро мебандад. Саркӯбии мухолифин дар пайи куштори мардум дар Андиҷон Узбакистонро низ ба қаламраве мубаддал кард, ки дарёфти ҳар навъ иттилоъ дар он ҷо кори сахте шудааст. Матбуоти мустақили мавҷуда аз байн бурда шуд ва дигар дар ҳиҷрат амал мекунад. Ба ин тартиб, рӯшан аст, ки Осиёи Марказӣ ба сӯи боз ҳам маҳдудтар кардани саҳнаи матбуот ҳаракат мекунад ва ин мояи нигаронии мост."

Ба назари Ҷоэл Саймон, мақомоти Қазоқистон низ фишор ва мониагузорӣ ба матбуотро афзуда, ҳоли матбуот ҳатто дар Қирғизистон бо вуҷуди "инқилоби лолаӣ"-и ду сол пешаш танҳо дар зоҳир ва он ҳам як каме беҳтар шудааст.
XS
SM
MD
LG