Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири иқлим. Чӣ пайомаде барои инсоният дорад?


"Шурӯъ аз соли 1750 сатҳи тамаркузи саросарии гази карбонат, гази метан, гази нитроген, яъне ҳамаи навъҳои газҳои гулхонайӣ хеле афзоиш ёфта, феълан аз нишондодҳое, ки дар умқи яхҳо ҳазорҳо ҳазор солҳо пеш мушоҳида мешуд, болотар рафтааст"

Ин зан Сюзан Соломон, яке аз раҳбарони гурӯҳи таҳти сарпарастии СММ бо исми Ҳайати байнидавлатии тағйироти иқлим аст, ки дар Париж суханронӣ мекард. Ӯ гуфт, ки ҳайати донишмандон ҳеҷ шаке надоранд, ки гунаҳгори асосии гармишавии ҳаво инсон мебошад.

"Вақте мо ба ин афзоиши фоҷеабори газҳо, ҳамаи газҳои гулхонаӣ нигоҳ мекунем, ва мебинем, ки онҳо аз ҳолати ҳазорҳо ҳазор соли пеш билкул фарқ мекунанд, собит мешавад, ки чунин вазъ бар асари тасаллути фаъолиятҳои инсонӣ ба вуҷуд омадааст"

Гузориши мазкур, ҳокӣ аз он аст, ки 90 дар сади фаъолиятҳои инсон боиси тағйирёбии иқлим мешавад. Чунин мизон назар ба таҳқиқоти панҷ соли пеши донишмандони муҳити зист ба маротиб баландтар аст. Соли 2001 гурӯҳи донишмандон гуфтанд, ки дар 66 дар сади ҳолатҳо фаъолиятҳои инсон ба тағйирёбии ҳарорати ҳаво ва болоравии саҳти баҳр таъсир мегузорад. Имрӯз донишмандони ҳавошинос ҳушдор медиҳанд, дар сурате, ки ҷараёнҳои тағйироти ҳаво таҳти назорат дароварда нашаванд, гармишавии ҳаво дар даҳсолаҳои охир дар саросари ҷаҳон паёмадҳои хатарнок хоҳад дошт. Дар гузориши ҳайати байнидавлатии тағйироти иқлим пешгуӣ мешавад, ки то охири қарни ҷорӣ имкон дорад, ҳарорати ҳаво аз яку аз даҳ 8 Целсия то чаҳор Целсия боло рафта, сатҳи оби баҳр то 58-59 сантиметр афзоиш ёбад ва мардум хушкиҳову тӯфонҳоро ҳар чӣ бештар таҷриба хоҳанд кард.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон чунин як гузориши вижаву фарогире роҷеъ ба гармишавии иқлим ва паёмадҳои он анҷом нашудааст, аммо бар асоси чанд омӯзиши дигар донишмандони маҳаллӣ низ оид ба хатарҳои тағйироти иқлим дар ин охирҳо ҳар чӣ баландтар сӯҳбат мекунанд. Тимур Идрисов, раиси созмони муҳитзистии "Барои замин" мегӯяд, ки муҳаққиқони ҳавошиноси Тоҷикистон гармишавии иқлимро аз камшавии ҳаҷми пиряхҳо мушоҳида карда мегӯянд, як сабаби афзоиши ҳодисаҳои фалокатбори табиӣ, мисли обхезиҳову тӯфонҳо, хушксолиҳову боронгариҳои шадид, резиши шадиди барф дар як минтақаву ҳарорати баланди ҳаво дар минтақаи дигари ҷумҳурӣ ҳама нишонаҳои чунин тағйироти иқлим ҳастанд. Тимур Идрисов меафзояд:

"Аксари кулли инсонҳо имрӯз мӯътоди энержӣ шуда газу нафт ва ангиштро масраф мекунанд ва тағйир додани чунин низом кори саҳл нест, барои ин фурсати хеле зиёд лозим аст"

Гузориши иборат аз ҳазору шашсад саҳифаи Ҳайати СММ оид ба тағйироти иқлим ҳеҷ роҳеро барои ҷилавгирӣ аз гармшавии ҳаво пешниҳод накардааст. Фаъоли муҳитзистии Тоҷикистон Темур Идрисов мегӯяд, ки албатта аз ҳоло дар сатҳҳои мухталиф барои ҳимоят аз наслҳои ояндаи инсоният роҳҳали ҷилавгирӣ аз фоҷеаҳои экологӣ роҳандозӣ шудаанд. Аммо:

"Албатта дар сатҳҳои мухталифи маҳалливу байналмилалӣ баъзе фаъолиятҳо ба роҳ монда шудаанд. Соли 1992 эъломияи тағйири иқлими СММ ва ду сол баъд протоколи Киото қабул шуд, дар кишварҳои мухталиф ҳар гуна тадбирҳои камкунандаи мизони истихроҷи газҳои гулхонаиро роҳандозӣ мекунанд, ва ё аз энержии табиии офтобу боду биогаз, энержии вобаста ба ҳарорати марказии замин истифода мекунанд. Аммо фаъолони экологӣ ҳукуматҳо ва раҳбарони ширкатҳои бузурги саноатиро барои он интиқод мекунанд, ки ҳамаи ин корҳоро бо суръати кам анҷом медиҳанд."

Аксар фаълони муҳити зист мегӯянд, ки ҳанӯз ҳам дар аксар ҳолатҳо ҳукуматҳо хатарҳои эккологиро ҷиддан дарк намекунанд ва аз ин рӯ, барои суръат бахшидан ба ин барномаҳо маблағи кам ва фурсати зиёд талаб мекунанд. Тимур Идрисов мегӯяд:

"Мардум ҳеҷ гоҳ мушкилоти муҳитзистиро бо масоили шахсии худ ва хонаи худ пайванд намедиҳанд. Яъне барои аксари онҳо мушкилоти экологӣ дар шаҳру кишварҳои дигар мавҷуд ҳастанд, на дар маҳалли зисти онҳо. Онҳо дарк намекунанд, ки шеваи рафтору зиндагии онҳо, тарзи истифодаи энержӣ дар хонаҳояшон бояд дигар шавад шавад. Аммо бо ин вуҷуд, чунин муносибатро тағйир додан мумкин аст. Созмонҳои ҷамъиятӣ дар саросари ҷаҳон, ки мехоҳанд барои ҷилавгии тағйироти иқлим саҳм гузоранд, бо мардуми оддӣ кор мекунанд, ба онҳо мефаҳмонанд, ки вайроншавии муҳити зист аз тарзи истифодаи барқ ва кураву танур шуруъ мешавад, аз он ки шумо мошинро ҳангоми ист дар чароғи раҳнамо хомуш мекунед ё на"

Коршиносон мегӯянд, то замоне, ки масъалаи ҳифзи муҳити зист мисли фикри таъмини ғизову сарпаноҳ барои фарзандон ба мушкили шахсии ҳар инсон табдил нашавад, роҳи ҷилавгирӣ аз гармишавии иқлим ҳам ҳамин гуна пуршебу фароз хоҳад буд.

Муҳаққиқони муҳити зист мегӯянд, шаке нест, ки инсон дар гармишавии ҷаҳонии иқлим масъулияти мустақим дошта ҳушдор медиҳанд, ки ба эҳтимоли ғолиб дар тӯли қарнҳои оянда ин ҷараёнҳо ғайри қобили ҷилавгирӣ хоҳанд буд. Ин аст хулосаи як. Барои таҳияи ин гузориш тайи шаш соли охир беш аз 2500 муҳаққиқи иқлимшинос кор кардаанд. Сюзан Соломон, яке аз раҳбарони Ҳайати тағйироти иқлим мегуяд, ки шаҳодати илмии гармишавии иқлим рушану сареҳ ҳастанд. Ӯ гуфт:

"Дар масъалаи назорати мустақими таағйироти иқлим дар ин охирҳо хулосаи асосӣ ин аст, ки гармишавии низоми обу ҳаво як падидаи рӯшану сареҳ аст. Шаҳодати онро дар вазъи ҳаво, ҳарорати уқёнус, обшавии барфу ях ва баландшавии то рафти сатҳи оби баҳр дар саросари ҷаҳон мушоҳида кардан мумкин аст"

Гузориш ҳокист, ки бар асари газҳои гулхонаӣ болоравии то рафти ҳарорати ҳаво ба мушоҳида мерасад, ки натиҷаи шурӯъ аз қарни 18-ум ба фаъолиятҳои санъатӣ даст задани инсон мебошад. Муҳаққиқони тоҷик мегӯянд, ки дар қаламрави Тоҷикистон шурӯъ аз солҳои 40-уми қарни гузашта нишонаҳои гармишавии ҳаворо мушоҳида мекунанд, ки дар шакли обшави яхҳо ва афзоиши фалокатҳои табийӣ дида мешавад. Тимур Идрисов, раиси созмони муҳитзистии "Барои замин" мегуяд, таҳқиқоти пажуҳишгарони вазъи обу ҳаво дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки паёмадҳои гармишавии ҳаво дар ин кишвар дар даҳсолаҳои минбаъда метавонанд боиси нигаронӣ бошад.

"Обшавии яхҳо пеш аз ҳама ба зиёдшавии ҳаҷми об дар рудхонаҳо сабаб мешавад ва бо гузашти даҳсолаҳо Тоҷикистон метавонад бо хатари камшавии об мувоҷеҳ шавад. Дар ин сурат, на танҳо вазъи риштаи кишоварзии Тоҷикистон, балки минтақаи Осиёи Марказӣ низ бо буҳрони норасоии об рубару мешавад. Дигар паёмади гармшавии муҳит - афзоиши ҳодисаҳои табиии фалокатбор хоҳад буд. Аммо мояи дигари нигаронӣ ин пешгуиҳои тавсеаёбии минбаъдаи бемориҳои уфунии мисли табларза дар манотиқи фаротар аз Тоҷиикистон хоҳад буд. Чун бар асари намӣ ва баландии ҳарорати ҳаво ҳашароти дорои вируси табларза афзоиш ёфта ин маризиро дар мантиқи дигар паҳн хоҳанд кард"
XS
SM
MD
LG