Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обхезӣ дар Индoнезӣ 200 ҳазор нафарро бехона кард


Бар асари селоби бузург дар Ҷакарта, пойтахти Индонезӣ, 20 нафар кушта ва зиёда аз 200 ҳазор нафар бехонумон шуданд. Ин селоб пас аз боронҳои тӯлонии се рӯзи ахир ба вуқӯъ пайваст. Маҷрои пуртуғёни оби лойлодуд кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро ғарқ карда, ҳазорон манзили зист, бемористону мактаб ва дигар иншоотро вайрон кард. Ба иттилоъи мақомоти Индонезӣ, сатҳи об 4 метр боло рафтааст.


Гурӯҳҳои наҷотдиҳанда садҳо нафарро аз болои бомҳо ва баландиҳо ба минтақаҳои амн интиқол медиҳанд.
Мақомоти шаҳре, ки нӯҳ миллион нафар аҳолӣ дорад, ҳушдор додаанд, ки бо сабаби дастнорасӣ ба оби пок эҳтимоли бурузи бемориҳои уфунӣ ба миён омадааст.
XS
SM
MD
LG