Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати ҳарбиёни собиқи ИМ ба гуфтушуниди Вошингтону Теҳрон


Се афсари баландрутбаи мустаъфии артиши Амрико аз эҳтимоли ҳама гуна ҳамла ба Эрон ҳушдор доданд ва гуфтанд, чунин ҳамла метавонад барои амният дар Ховари Миёна паёмадҳои фалокатбор дошта бошад.


Дар номаи афсарони собиқ, ки рӯзномаи бритонёии "Sunday Times"(Санди тоймс) чоп кардааст, гуфта мешавад, бӯҳрони ҳастаии пиромуни Эрон бояд ба таври сулҳомез ҳал шавад ва Вашингтонро зарур аст дар ин робита бидуни ҳеч пешшарте вориди гуфтушунид бо Теҳрон гардад. Ин номаро ҷенрол лейтенант Роберт Горд, ҷенрол Ҷозеф Ҳор ва ноиби амирулбаҳр Ҷак Шенаҳан имзо кардаанд.


Дар ҳамин ҳол мақомоти Эрон бархе аз иншооти ҳастаии худро ба намояндагони кишварҳои берун аз иттиҳод ва давлатҳои араб нишон доданд, то бигӯянд, ки барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эрон хосияти осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG