Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози сафари Раҳмонов ба Мисру Сурия


Қарор аст имруз боздиди расмии Эмомалӣ Раҳмонов-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ду кишвари арабӣ-аз Мисру Сурия оғоз шавад. Ин боздид як ҳафта идома хоҳад дошт. Тибқи барномаи пешбинишуда интизор меравад, ки дар ҷараёни ин боздид оқои Раҳмонов бо Ҳуснӣ Муборак ва Башор-ал-Асад-руасои ҷумҳури ин ду кишвар масъалаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро баррасӣ кунад.


Дар назар аст Тоҷикистон бо Мисру Сурия чанд санади ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоративу фарҳангӣ ба имзо расонад. Коршиносон мизони доду гирифти коло миёни Тоҷикистон ва Мисру Сурияро хеле ночиз арзёбӣ кардаанд.


Моҳи гузашта Эмомалӣ Раҳмонов дар ҷараёни боздидаш аз Чин қарордодҳои мухталифи ҳамкориҳои иқтисодӣ имзо кард, ки коршиносон онро оғози густариши нуфузи Чин дар Осиёи Марказӣ, ба вижа дар Тоҷикистон, арзёбӣ карданд. Бино ба хабарҳо, оқои Раҳмонов қасд дорад сармоягузорони Мисру Сурияро низ мисли сармоягузорони Чин ташвиқ кунад, то дар сохтмони ниругоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG