Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳс дар атрофи свастика


Кетлин Мур Олмон, ки акнун раиси даврии Иттиҳоди Аврупост, пешниҳод кард, дар ҳамаи кишварҳои узв корбурди салиби шикаста ё свастика мамнӯъ эълон шавад. Аммо ҳиндуёни Аврупо ба ин тасмим мухолифанд.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ҳангоми эълони муҳимтарин вазифаҳои кишвараш дар шаш моҳи раёсат, ҳабдаҳуми январ дар Порлумони Аврупо дар Страсбург гуфт: "Аврупо ҳаргиз набояд як зарра ҳам ба таҳаммулнопазирӣ роҳ диҳад. Аврупо ҳаргиз набояд як зарра ҳам ба зӯроварии тундравони дастиростӣ ва дастичапӣ зери шиъори дин роҳ диҳад."

Мақомоти Олмон аз афзоиши зӯроварии ростгароён дар кишвари худ дар ташвиш буда, ҳарос доранд, ки ин раванд ба дигар кишварҳои Аврупо низ сироят хоҳад кард. Онҳо пешниҳод карданд, қонуни манъи радди Ҳолокост ё қатли оми яҳудиён дар Ҷанги ҷаҳонии дуввум дар ҳамаи кишварҳои аврупоӣ пазируфта шуда, истифодаи салиби шикаста ҳамчун рамз мамнӯъ эълон гардад. Салиби шикаста ё свастика ба натсистҳои Олмон нисбат дода мешавад, ки дар қатли шаш миллион яҳудӣ муттаҳаманд.
Аммо ин як рамзи қадимист ва дар шаклҳои гуногунаш дар чандин дину фарҳанг истифода мешавад. Беш аз ҳама дар миёни пайравони ҳиндуизм.

Рамеш Каллидей, раиси Форуми ҳиндуҳои Бритониё мегӯяд, свастика рамзи сулҳу тавозун ва бахту иқбол аст. Маросими мазҳабӣ ва ҷашни арӯсии пайрвони ҳиндуизм бо ин аломат ороиш меёбад. Вай меафзояд, сиёсатмадорони аврупоӣ набояд ба худи свастика, балки ба истифодаи он бояд диққат кунанд. Масалан, салиби масеҳӣ аз тарафи ирқпарастони Амрико сӯзонда мешуд, то сиёҳпӯстон тарс дода шаванд.

"Мо бояд як чизро дарк кунем, ки рамзҳо метавонанд, ба ҳарду шева истифода шаванд. Рӯшантарин мисол ин аст, ки аъзои гурӯҳи Ку Клукс Клан дар садаи гузашта салиби масеҳиро оташ мезаданд, то нафрати худро ба сиёҳпӯстон баён доранд. Аммо ин далел нашуд, мардумро даъват кунанд, ки "биёед, ҳамаи салибҳоро дар ҳамаи калисоҳо мамнӯъ эълон кунем. "Айни ҳамин ҳол, фақат барои он ки миллатпарастони олмонӣ аз рамзи мо сӯйистифода карданд, ба маъное нест, ки ин рамз наметавонад дар маросими мазҳабӣ истифода шавад, онгуна ки дар 5-7 ҳазор соли охир шудааст."

Истифода аз салиби шикаста ё свастика ба муносибати соли тамаддуни ориёӣ дар Тоҷикистон дар соли гузашта пайдо шудан замон мавриди танқид қарор гирифта буд. Ба ин сабаб мақомоти кишвар маҷбур шуданд, истифодаи онро дар ҷашнвора ба камтарин сатҳ маҳдуд кунанд. Ва дар охирин китоби устод Иржи Бечка, тазкираи адибони форсу тоҷик бо номи "Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат ва зебоӣ" низ рамзи салиби шикаста ҳамчун ороиши ин китоб нашр шудааст.

Форуми ҳиндуёни Бритониё талош дорад, як маъракаи эътирозиро зидди нақшаи Олмон ба роҳ монад ва умедвор аст, ки тарҳи манъи истифодаи свастика қабул нахоҳад шуд. Аммо вазири адлияи Олмон Бриҷит Зиприс мегӯяд, баракс ин нақша комёб хоҳад шуд, зеро бори гузашта, танҳо Итолиё ба он мухолифат кард ва акнун ҳукумати нави Итолиё гуфтааст, аз ин тарҳ пуштибонӣ мекунад.
Ҳиндуён поёни корро интизоранд ва интизор доранд, ки дар ин қонуни нав истисное мавҷуд хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG