Пайвандҳои дастрасӣ

Заминларза дар кӯҳистони Тоҷикистон


Шаби гузашта дар Тоҷикистон заминларзае ба амал омад, ки нирӯи такони он аз рӯи ҷадвали Рихтер ба 5 дараҷа баробар буд. Хабаргузориҳои Тоҷикистон ба нақл аз Пажӯҳишгоҳи зилзиласанҷии кишвар иттилоъ додаанд, ки замин дар соати сеи шаб такон хӯрда, маркази ин такон дар 250-километрии шимолушарқи шаҳри Душанбе ва 90-километрии Тавилдара будааст.


Сокинони Душанбе низ ларзидани заминро эҳсос карданд, зеро дар ин ҷо нирӯи такон ба 3 дараҷа баробар будааст. Намояндагони кумитаи вазъиятҳои изтирории Тоҷикистон гуфтаанд, то ҳанӯз дар бораи талафоти ҷонӣ ва молӣ бар асари ин зилзила иттилоъ нагирифтаанд.


Дар як моҳи гузашта ин бори севум аст, ки дар Тоҷикистон заминҷунбӣ ба амал меояд. Таконҳои қаблӣ бархе аз иншоотро вайрон кардаанд.
XS
SM
MD
LG