Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё ҷанги Ироқ ҷанги шаҳрвандист?


Дар гузориши нави кашфи Амрико, ки ба Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури ин кишвар пешниҳод шудааст, гуфта мешавад, ки ҷангҳои Ироқ дар баъзе мавридҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ ё дохилӣ шабоҳат дорад. Ин гузоришро 16 ожонсии кашфи Амрико таҳия кардаанд. Онҳо навиштаанд, бо вуҷуди чунин вазъ муноқишаҳои Ироқ ба ҷанги дохилӣ мубаддал нахоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол Роберт Гейтс-вазири дифоъи Амрико гуфтааст, кишвараш барои ҷанг бо Ирон нақшае надорад, вале мехоҳад Иронро водор кунад, ки аз додани бам ба тундравҳои Ироқӣ даст кашад. Ин бамҳо маъмулан бар зидди нируҳои амрикоӣ дар Ироқ истифода мешаванд.
XS
SM
MD
LG