Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қочоқгарони муҳоҷири корӣ


Вақтҳои ахир ҳодисаҳои убури ғайриқонунии марз аз ҷониби тоҷикон ва ё муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Қазоқистон ё аз тариқи ин кишвар ба Руссия бештар ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, таи як моҳи соли равон чаҳор ҳодисаи боздошти муҳоҷирони точик, ки марзҳоро ғайриқонунӣ убур карда, ба Қазоқистон ва ё Русия рафтанӣ буданд, рух дод. Дар натиҷа беш аз 150 муҳоҷири тоҷик аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ихроҷ карда шуданд. Ба андешаи Акбаршо Искандаров-сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон, сабаби асосии сарсониву саргардонии муҳоҷирони тоҷик қабл аз ҳама миёнравҳо ҳастанд.

--Гуноҳи асосии роҳбаладон он аст, ки онҳо бисёр вақт фиреб медиҳанд ва мардуми мо ҳам дарҳол ба онҳо бовар мекунанд.

Чунин муҳоҷират, ба гуфтаи шоҳидон , ғолибан аз бероҳаҳову болои наҳру дарёчаҳо ва талу теппаҳо мегузарад ва хеле хатарнок аст. Гоҳо дар роҳҳо ҳангоми фирор аз таъкиби пулис ронандагони кирокаш мошинро босуръат меронанд, ки ва боъиси фалокат мешавад. Аз чумла, ду сол қабл дар роҳи Узбакистон дар натиҷаи чунин ҳаракати тез мошини муҳоҷирони тоҷик ба дарё афтода, 5 нафар ҷони хешро аз даст дода буданд.

Ба таъкиди аҳли назар, ҳамаи ин муҳоҷирати ғайриқонуниро миёнаравҳо ё раҳбаладон ташкил мекунанд. Онҳо барои ба даст овардани пули бисёр даст ба чунин амали ҷиноӣ мезананд. Як корманди додситонии ноҳияи марзии Сариоғоч иброз дошт, ки созмондиҳии муҳоҷирати ғайриқонунӣ амалест, ки барои он касро метавон ҳам ба ҷавобгарии ҷиноӣ ва ҳам маъмурӣ кашид ва то ду сол уро аз озодӣ маҳрум намуд.

Тавре, ки Акбаршо Искандаров таъкид мекунад, чанде аз созмондиҳандагони муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз ҷумлаи шаҳрвандони тоҷик барои амали хилофи қонуниашон маҳкум ба зиндон гардиданд.

-- Танҳо соли гузашта ва мана як моҳи соли чорӣ 14 нафар миёнаравҳо, ки қариб 80 дарсади онҳоро занон ташкил медиҳанд, муҳоҷиронро бо сад фиребу найранг гирифта оварда марзҳои Узбакистону Қирғизистону Қазоқистонро бе ҳуҷат ва ғайрирасмӣ гузаронида оварда ин ҷо мепартоянд , пулашона намедиҳанд, ҷои кор надоранд ва боъиси ба оворагардӣ дучор шудани ҳамин мардум мегардан. Ҳамаи он 14 нафар ҳоло маҳкум ба зиндон гардидаанд ва алайҳи 4 нафари дигар низ парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст ва онҳо низ бояд зиндонӣ шаванд.

Ба таъкиди оқои Искандаров, бояд алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ муборизаро шадид кард. Ағлаби созмондиҳандагони чунин муҳоҷират бошандагони вилояти Суғд ҳастанд ва бояд ба андешаи сафири Тоҷикистон фаъолияти гумрук ва посгоҳҳои марзиро дар ин вилоят тақвият бахшид. Илова бар ин, ҳамкории ниҳодҳои марзии кишварҳои Тоҷикистон,Узбакистон,Қирғизистон ва Қазоқистону Русияро ҷиҳати ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ густариш дод. Ба таъкиди сафир, бештар бояд корҳои тавзеҳотиро дар байни муҳоҷирон дар Тоҷикистон роҳандозӣ кард ва аз ҳама асосиаш ба доми фиреби миёнаравҳо набояд афтод:

--Аз ҳамаи касоне, ки ба хориҷа муҳоҷират карданианд ,хоҳишу илтимос мекунам, ки ба ҳамин миёнаравҳое, ки фақат ба воситаи дуруғ кисаи онҳоро пур мекунанд, бовар накунанд ва ба воситаи идораҳои қонуние, ки дар Тоҷикистон ташкил шудаанд, кор пайдо кунанд, ба воситаи ҳаминҳо сафар кунанд ва ҳамаи сафоратҳо вазифаи аввалиндараҷаашон расонидани ёрӣ ба ин қабил одамон аст. Вале бояд коре кунанд, ки амали онҳо дар чаҳорчуби қонун сурат бигирад.

Ба гуфтаи оқои Искандаров алъон дар Тоҷикистон даҳҳо ширкатҳое ҳастанд, ки муҳоҷиронро бо роҳои қонунӣ ба Қазоқистону Русия ва дигар кишварҳо мефиристанд .Бояд аз хидмати чунин ширкатҳо истифода намуд ,то бидуни мушкилот ба хориҷи кишвар сафар карда кору маблағи дилхоҳ пайдо намоӣ.
XS
SM
MD
LG