Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Мулло Умар ва Ҳикматёр афв мешаванд?


бунгоҳи хабарии Радиои Озодӣ Рон Синовитс Дар Афғонистон баҳсҳо атрофи қонуни афви афғонҳои ворид ба ҷанги шаҳрвандӣ ҳарчӣ бештар доман паҳн мекунад.

Ин қонун рӯзи 31 январ аз сӯи Вулусӣ Ҷирга пазируфта шуд ва тибқи он ҳама афроде, ки тайи 25 соли ахир дар задухурдҳо дар қаламрави кишвар ширкат доштанд, афв ва аз таъқиби додгоҳӣ озод мешаванд. Ин дар ҳолест, ки созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар тақозо доранд, ҷинояткорони низомии Афғонистон, аз ҷумла, вакилони парлумон ва аъзои ҳукумат ба маҳкама кашида шаванд. Амин Тарзӣ, таҳлилгари Родиёи Озодӣ ҳадс мезанад, ки шояд ин санад аз сӯи палатаи болоии парлумон низ тасвиб шавад. Ӯ меафзояд, ки раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай низ аз ин қонун пуштибонӣ хоҳад кард.

Ман мутмаин нестам, ки раисиҷумҳур Казай ба ин қонуни аз сӯи палатаи поёнӣ қабулшуда вето гузорад. Нақшаи Карзай он аст, ки ба Толибон дасти оштӣ дароз кунад. Вақте шумо ба ин санад менигаред, мебинед, ки гап сари ҷиноёти афроди узви парлумон ва раҳбарони ҷиҳод намеравад. Ин як бахши талоши густардаест барои хунсо кардани Толибон ва ҳама мухолифони ҳукумат. Ин як амали эҳтиёткорона аст ва аммо амали на он қадар мувофиқ ба ҳуқуқи инсон ва демократия.

Муҳаммад Муҳаққиқ - яке аз фармондеҳони собиқи муҷоҳидин, ки худ дар ҷиноёти низомӣ гумонбар мешавад ва яке аз тарҳрезони қонуни афв бо иддаое, ки ин қонун хушанатро дар Афғонистон бештар доман хоҳад зад, розӣ нест. Дар сӯҳбат бо Родиёи Озодӣ ӯ гуфт, ки санади афв ба хотири сулҳу созиш дар ҷомеъаи Афғонистон қабул шудааст.

Ин тарҳ умдатан пардохта шуда ба ин ки ҳамаи он касоне, ки дар тайи дуву ним даҳаи ҷанг ба навҳи даргир будан онҳо бояд бо ҳам бошанд ва ба мусолиҳаи миллӣ бипайванданд.

Ва аммо имрӯз сафи мунаққидони ин қонун афзуд. Намояндагии Созмони милал дар Афғонистон санади пазируфтаи палатаи поёнии парлумонро мавриди интиқод қарор дод. Адриан Эдвардс - сухангӯи ин намояндагӣ дар сӯҳбат бо мо гуфт:

Фавқулодда муҳим аст, ки дар ин баҳсҳо қурбониёни ҷиноёти ҷанг фаромӯш нашаванд. Дар воқеъ бахшидан ва ё набахшидани чунин аъмол кори инфиродист. Ва аз ин рӯ, вақте Вулуси Ҷирга ва ҳар ниҳоди дигар афви умумро пешниҳод мекунад, мо фикр намекунем, ки ин роҳи дуруст бошад. Мо бояд садои қурбониҳоро низ шунавем. Ва агар мо бихоҳем, ки раванди оштии миллӣ комёб шавад, садои қурбониёни ҷиноёти ҷангӣ низ бояд баробар шунида шавад.

Айни ҳол, дар як изҳороти намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон омадааст, ки Қонуни асосии Афғонистон ба ҳама шаҳрвандони кишвар озодии баёнро кафолат додааст ва бояд қишрҳои гуногуни ҷомеъа ба баҳс оид ба афв кардан ё накардани ҷиноёти низомии солиёни пеш ҳамроҳ шаванд. Мухолифон ва ҷонибдорони қонуни афв ба ин назаранд, ки баъди тасвиби санад ба маҳкама кашидани ҳам Мулло Умар - раҳбарии фирории Толибон ва ҳам сарвазири собиқ Гулбиддини Ҳикматёр, ки сарварии гурӯҳи мусаллаҳи зиддиҳукуматиро бар ӯҳда дорад, имконнопазир хоҳад шуд. Ва ин омил метавонад дар равобити Кобул бо ҷомеъаи байнулмилалӣ мушкили ҷиддӣ эҷод кунад.
XS
SM
MD
LG