Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин дар мақоми аввал аст


Дар байни панҷ кишваре, ки то ҳоло соҳиби медалҳо гаштаанд, Куриёи Ҷанубӣ бо 31 медал, аз он ҷумла 9 нишони тилло дар ҷойи дуввум аст. Ҷопон бо 25 медал, минҷумла 9 нишони тилло севвум мебошад. Қазоқистон бо 13 медал, аз он ҷумла 3 нишони тилло дар ҷойи чаҳорум қарор гирифтааст. Ва Муғулистон бо як медали биринҷӣ ҷойи панҷумро ишғол мекунад.

Се варзишгари тоҷик дар шаҳри Ҷилини Чин дар як навъи лижаронии кӯҳӣ - giant slalom рақобат карданд. Алишер Қудратови 21-сола миёни 39 варзишгари 16 кишвари қора бо натиҷаи умумии 2 дақиқаю 30,71 сония ҷойи 23-умро касб кард. Насрулло Зокирови 37-сола бо натиҷаи 2 дақиқаю 56,40 сония дар мақоми 35-ум ва Абдураҳим Қурбонови 19-сола бо натиҷаи 2 дақиқаю 57,02 сония дар мақоми 36-ум қарор гирифтанд. Дар ин навъи рақобатҳо Икута Ясуҳиро аз Ҷопон бо натиҷаи 2 дақиқаю 09,34 сония соҳиби медали тилло гардид. Варзишгарони Куриёи Ҷанубӣ Канг Мин Ҳеук ва Ким Ву Сунг бо медалҳои нуқраю биринҷӣ сарфароз шуданд.

Варзишгарони тоҷик боз дар навъи дигари сабқати лижаронии кӯҳӣ байни мардон - слалом рӯзи шанбе ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар рӯзи охирини мусобиқот - 3 феврал, ҳамчунин ғолибони Бозиҳои Осиёӣ дар риштаҳои рақси рӯи ях, ҳоккей ва пойгаи лижаронии дастаӣ ба масофаи 5 километр байни занон ва ба масофаи 10 километр миёни мардон муайян мешаванд.

Маросими пӯшидашавии шашумин давраи Бозиҳои Осиёӣ дар Чин шоми якшанбеи 4 феврал барпо мегардад.

Ва як хабари тоза барои мухлисони футбол. Тими мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 2 феврал бозии контролиро дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода бо дастаи «Регар» ТадАЗ бо натиҷаи 1 бар 1 анҷом дод.

Ҳарду гол дар қисми дуввуми бозӣ зада шуд. Хуршед Маҳмудов, бозигари мизбонон дар дақиқаи 77-ум ҳисобро боз кард. Пас аз ҳашт дақиқа Давронҷон Тухтасунов ҳисобро баробар намуд.

Ин охирин бозии санҷишии олимпийчиёни тоҷик дар чаҳорчӯбаи омодагиҳо ба бозиҳои интихобии олимпӣ бо тими Узбакистон, ки 7 феврал дар Тошканд ва 14 феврал дар Душанбе баргузор мешаванд, маҳсуб мешуд.
XS
SM
MD
LG