Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастпӯши бокс чанд пул?


Агар шумо ба намудҳои варзиш, ба монанди вазнбардорӣ, футбол, боскетбол, бокс, теннис ва навъҳои дигар, ки бо истифодаи якчанд афзоли варзишӣ иҷро мешаванд, машғул шудан хоҳед пас таваҷҷӯҳ кунед, ки нархи онҳо дар дӯконҳои шаҳри Душанбе чанд аст.

Тӯпи футбол ва боскетбол аз 15 то 90 сомонӣ,
Сангҳои вазнбардорӣ ва лӯлаи муштзанӣ вобаста ба ҳаҷм ва шакл аз 50 то 180 сомонӣ,
Дастгоҳи машқ то 600 сомонӣ.

Дастпӯшҳои бокс аз 10 то 100 сомонӣ,
Пойафзоли варзишӣ вобаста ба сифат аз 20 то 120 сомонӣ.
Хилъати гуштигирӣ аз 40 то 160 сомонӣ.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфти Ҳикматуло Саидов, фурӯшандаи дӯкони «Олами Варзиш»-и пойтахт баҳои ин намуди мол моҳи ахир арзонтар шудааст.

Мутахассисони соҳа мегӯянд, агар шумо рағбат дошта бошед бе доштани афзоли махсуси варзишӣ низ метавонед бадани худро обу тоб диҳед. Ба хусус, давидан дар ҳавои кушод аз оне, ки дар дохили ҳуҷра, рӯйи дасгоҳи машқ медавед муфидтар будааст.
XS
SM
MD
LG