Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нархи нерӯи барқ 25% зиёд шуд


Бино бар нархномаҳои нави пардохти ҳаққи истифодаи барқ, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуд, қимати истифодаи нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон дар қиёс бо соли гузашта 25 дар сад боло рафт.


Ҳамакнун, агар шумо дар як моҳ то 250 киловатт соат барқ истифода баред, қимати онро бо нархи ду дирам барои як киловатт соат месупоред. Ва аммо чун ҳаҷми истифодаи нерӯи барқ аз 250 киловатт соат боло равад, нархи киловаттҳои изофа 3,4 дирамро ташкил хоҳад дод.


Қаблан, ин нархҳо мутаносибан 1,6 ва 2,7 дирам буд.


Ва аммо қимати барқ барои корхонаҳои саноатӣ 3,6 дирам, барои хоҷагиҳои кишоварзӣ 6,4 дирам, барои ниҳодҳои давлатӣ 2 дирам, барои соҳаи тиҷорат 6,4 дирамро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG