Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони тоҷик гаравгон гирифта шуданд


15 муҳоҷири тоҷик дар Остона, пойтахти Қазоқистон, аз ҷониби ронандагони қирғиз ба асорат гирифта шуданд. Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Акбаршо Искандаров ба радиои Озодӣ гуфт, гаравгонгирӣ ба думболи пардохт нашудани 2800 доллар аз ҷониби миёнарав ба вуқӯъ пайвастааст. Вай гуфт: "Зане аз ноҳияи Конибодом 38 муҳоҷирро бо роҳи фиреб ба Қирғизистон овардааст, аз он ҷо як автобуса киро карда, ба Остона расондааст ва ҳоло 15 муҳоҷир пул пайдо намекунанд, ки роҳпулиро бидиҳанд. Ронандае, ки аз Қирғизистон омадааст, мегӯяд, то муҳоҷирон пул надиҳанд онҳоро раҳо намекунад.


Дар ҳамин ҳол 22 муҳоҷири дигар, ки асноди зарурии убури марзро надоштанд, аз ҷониби пулиси муҳоҷирати Остона боздошт шудаанд ва ба гуфтаи Борис Колесниченко, раиси пулиси муҳоҷирати пойтахт ба онҳо 5 рӯз мӯҳлат дода шудааст, Қазоқистонро тарк кунанд.
Насибҷони Амонӣ, шаҳри Алмаато
XS
SM
MD
LG