Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осонтар шудани тартиби равуо байни Узбакистону Қирғизистон


Раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев имрӯз қарордодеро бо Узбакистон ба имзо расонид, ки тартиби дарёфти раводиди сафар байни ин ду кишварро осон мекунад. Низоми раводид байни Узбакистону Қирғизистон ҳанӯз соли 2000-ум ҷорӣ шуда буд. Ҳукумати Узбакистон мегуфт, ки низоми раводидро бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз вуруди унсурҳои ҳаракати исломии Узбакистон ба хоки кишвараш, ки он муддат ду сол пайи ҳам ба қаламрави ин ду ҷумҳурӣ ҳамла мекарданд, ҷорӣ мекунад. Сухангӯи раисиҷумҳури Қирғизистон Досалӣ Эсаналиев тавофуқи ахир байни Бишкек Тошкандро чунин шарҳ дод: "Бар асоси ин созишнома, тартиби 60 рӯзаи равуои бидуни виза барои шаҳрвандони ҳарду кишвар ҷорӣ мешавад. Шаҳрвандони Қирғизистон ҳамчунин ҳаққ пайдо мекунанд, ки бо шиносномаҳои кӯҳнаи чопи соли 1994 ё шиносномаҳои нав ва ё ҳатто бо шаҳодатнома сафар кунанд."

Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ин қарордодро ҳанӯз моҳи гузашта имзо карда буд. Қарордод баъди 30 рӯзи имзо шуданаш аз сӯи ҳарду кишвар, яъне аз моҳи март ба ҳукми иҷро медарояд.

Аммо айни мавзӯъ, яъне соддатар кардани тартиби равуо байни Тоҷикистону Узбакистон ҳанӯз аз марҳалаи музокирот фаротар нарафтааст. Узбакистон аз ҳамон соли 2000-ум бо Тоҷикистон низ низоми раводид ҷорӣ карда, ба минакории марзҳояш бо ин кишвар шурӯъ карда буд.
XS
SM
MD
LG