Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаҳои душманони озодии матбуот ва сукути дӯстони он


Cозмони Хабарнигорони Бидуни Марз зимни таҳқиқи вазъи ҳуқуқ ва озодиҳои журналистон дар 98 кишвар мегӯяд, хатарноктарин аломати соли 2006 гум шудани шавқи ҳукуматҳои ҷаҳон ба ҳифзи арзишҳои марбут ба озодандешист.

Тазод дар ин аст, ки ҳама ба ҳуқуқи инсон ва озодии баён бовар доранд, зарурати онро эътироф мекунанд, вале дар ҳимояи он мавқеъи усулӣ ва қавӣ намегиранд.

Нашри тасвирҳои танзомези паёмбар Муҳаммад дар рӯзномаи Даниягӣ таваҷҷӯҳро дар соли 2006 ба муносибати озодии баён ва боварҳои динӣ кашонид. Кишварҳои демократӣ дар ин рӯёрӯӣ аз Дания, ки сафоратхона ва журналистони он таҳти таҳдид афтоданд, дифоъ накарданд.

Журналистон дар Ховари Миёна бори дигар ба пешмаргони ҷангу низоъ табдил ёфтанд. 65 журналист дар Ироқ кушта шуд ва рабудани хабарнигорон дар қаламравҳои фаластинӣ идома дошт.

Ҳоҷар Смоунӣ, мудири бахши Ховари Миёна дар Cозмони Хабарнигорони Бидуни Марз мегӯяд, бисёртар журналистони маҳаллӣ дар соли 2006 ҳадаф қарор гирфтаанд, зеро онҳо дар миёни аҳолӣ ба сар мебаранд, ҳеч навъи бахусуси ҳимоят надоранд ва осон дарёфт мешаванд.

Хушунати зидди матбуот дар Осиё 16 кушта ба ҷой гузошт, 328 журналист дар маҳбас ба сар мебаранд, 517 хабарнигор латукӯб ва таҳдид шуданд ва 478 расона мавриди сензура қарор гирифтанд.

Авзоъ дар Русия зимни идомаи талошҳои давлат ба назорати пурраи матбуот тира боқӣ монда, Анна Политковская саввумин журналисте шуд, ки дар як сол дар ин кишвар кушта шуданд. Ғасби расонаҳо аз тарафи ширкатҳо идома карда, рангорангии матбуотро аз байн бурд.

Як умеди рушд дар Украин пас аз инқилоби норанҷӣ дар соли 2006 бо афзоиши фишор ба журналистон ва нокушода мондани қатли Георгий Гонгадзе бар ҳадар рафт. Якҷонибагии матбуот дар интихоботи президентии Тоҷикистон дар моҳи ноябр баёнгари вазъи куллии матбуот дар ин кишвар буд.

Президенти Беларус Александр Лукашенко дар ин сол ба решакан кардани матбуоти мустақил ноил гашт ва Дар Ӯзбакистон фишору таъқиби журналистон ба авҷ расида, Қазоқистон барои таъқиби озодбаёнӣ мақомотро бо қонуни наве мусаллаҳ сохт.

Бо вуҷуди ин Туркманистон ва Кореяи Шимолӣ ба ҳайси бадтарин душманони баёни озод боқӣ монданд, ҳарчанд интихоботи ояндаи Туркманистон шӯълаи умедеро барафрӯхтааст.
XS
SM
MD
LG