Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи матбуот дар Тоҷикистон дар соли гузашта


Cозмони Хабарнигорони Бидуни Марз(RSF) интихоботи Тоҷикистонро баёнгари вазъи матбуот дар ин кишвар номида, мегӯяд, номзадҳо ба расонаҳои ахбори ом дастрасии баробар надоштанд. Ҳарчанд ҳанӯз дар моҳи сентябр, ду моҳ пеш аз рӯзи раъйдиҳӣ, қарор шуд, ба ҳар номзад дар телевизиони миллӣ 30 дақиқагӣ фурсат дода шавад, амалан онҳо тавонистанд, танҳо 5 -15 дақиқаи ин фурсатро истифода кунанд.


Вале раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ин нуктаро рад кард: "Ба ҳамаи номзадҳое, ки Кумисюни марказии интихобот сабтином кард, вақти баробар дода шуд ва ҳеч кадоми онҳо шикояте накардааст."


Аммо раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, чунин баробарӣ вуҷуд надошт, зеро рақобати воқеъӣ дар интихобот ба мушоҳида нарасид.


RSF аз боздошти хабарнигори радиои Озодӣ Носирҷони Маъмурзода ва корманди хабаргузории "Авесто" дар Қӯрғонтеппа, қатъи пахши барномаҳои Бибиси дар мавҷҳои FM ва баста шудани чанд сомонаи интернетӣ, ба ҷумлаи сомонаҳои журналисти мухолиф Додоҷони Атовулло ёдовар шудааст.
XS
SM
MD
LG