Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайомади пайванди "Телерадиоком" ва Кумитаи радиову телевизион


Ва ин ҳам дар ҳолест,ки Камиссиюни лисензионӣ ё иҷозадиҳӣ барои фаъолияти радио ва телевизионҳои ғайридавлатӣ низ як ниҳоди тобеи Кумитаи радио ва телевизиони ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Ва ин ҳам дар ҳолест,ки Камиссиюни лисензионӣ ё иҷозадиҳӣ барои фаъолияти радио ва телевизионҳои ғайридавлатӣ низ як ниҳоди тобеи Кумитаи радио ва телевизиони ҳукумати Тоҷикистон мебошад.



Нуриддин Қаршибоев- раиси Иттиҳодияи миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд дар ҳоле,ки давлати Тоҷикистон ҳамвора аз равнақи низоми демократӣ дар кишвар ҳарф зада барномаҳои махсуси ғайридавлатӣ кардани корхонаҷоти ҳатто бузурги кишварро ба иҷро гузоштааст Кумитаи телевизион ва радиои кишварро ба як монополист табдил додан дар соҳаи иттиллот хилофи ин раванд мебошад. Оқои Қаршибоев гуфт афрод ва ё созмонҳое,ки натавонистаанд аз Кумитаи радио ва телевизиони кишвар санади иҷозаи фаъолият дарёфт кунанд , дар кишвар кам нестанд. Ва низ ширкат ва ё шабакаҳои хусусие,ки ба маҳзи лағви лисензия аз фаъолият бозмондаанд то кунун натавонистаанд ин мушкилиро бо Кумитаи радио ва телевизион ҳалл кунанд.




Аммо Мӯсо Асозода - раиси Иттиҳодияи расонаҳои электронии мустақили Тоҷикистон мегӯяд дар ҳарду ҳолат ҳам Телерадиоком дар назорати давлат қарор дорад. Вале вақте дар заминаи ду вазорати мухобирот ва нақлиёт як вазорати мухобирот ва нақлиёт ташкил шуд табиист,ки идораи муҳимме ҳамчун Телерадиоком низ дар доираи ислоҳоти сохтори идорӣ бояд ба ихтиёри ниҳоде дода шавад,ки дар доираи фаъолияти ӯ муносиб ва мувофиқ аст.


Дар ҳамин ҳол Ҳабибулло Мақбулов-раиси як телевизиони хусусӣ дар шаҳри Турсунзода мегӯяд роҳи дуруст ва муносиб дар чунин ҳолат,ки онро дар аксари кишварҳои демократӣ қабул кардаанд ,ин аст ки ҳам Камиссияи лисензиядиҳӣ ва ҳам идораи Телерадиоком,ки салоҳияти додани амвоҷ ва вақти пахши барномаҳоро дар ихтиёр дорад ба дасти Шӯро ё иттиҳодияиҳои ҷамъиятӣ гузошта шавад. Зеро Кумитаи телевизон ва радиои ҳукуматӣ ба ҳеҷ ваҷҳ як ниҳоди бетараф буда наметавонад махсусан дар вазъияте,ки ҳукумат ҳамаи барномаҳояшро бо шароити иқтисоди озод ва бозорӣ мутобиқ сохтааст.



Аммо то замони дастури ҳукумат барои дар тобеъияти Кумитаи телевизион ва радио гузаштани идораи Телерадиоком масъулини ин ниҳод бар ин иқдом мухолифат нишон дода буданд. Вале ҳоло ҳеҷ яке аз масъулини ин идора ҳозир нашуданд,ки дар ин бора сӯҳбат кунанд.Танҳо ин нуктаро таъкид карданд,ки баъди нашри ин дастур мақомот ба бозрасии фаъолияти Телерадиоком шурӯъ кардааст.
XS
SM
MD
LG