Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии сарбозони тоҷик дар маҷаллаи амрикоӣ


Хабарнигори низомии маҷаллаи амрикоии "Blackanthem" бо ишора ба тарзи Шӯравии пешбурди умур дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон менависад, "Тарки одати кӯҳна ғайриимкон аст", вале ба тадриҷ нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ усули раҳбариву тамринро беҳбуд мебахшанд.

Хабарнигори амрикоӣ, ки ҳамроҳ бо афсарони горди миллии ИМА барои тамрини ҳайъати фармондеҳони сатҳи поёниии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ сафар кардааст, гузориш медиҳад, ки машқи муштарак ду ҳафта давом дошт.

Афсарони мустақар дар аёлати Вирҷинияи ИМА ҳаъйати ба истилоҳ "афсарони хурд" ва ё тарзе дар артиши Шӯравӣ мегуфтанд "прапоршику сержантҳо" ва ҳамчунин хонандагони Донишкадаҳои низомиро бо хидмати афсарони хурди нерӯҳои мусаллаҳи ИМА ошно карданд. Дар ИМА ҳайъати афсарони хурд маъруф бо NCO (NONCOMMISSIONED OFFICER) CORPS сарбозони зердастро бо амалиёти рӯзмарра ва манзараи умумии хидмат дар артиш ошно мекунад.

Дар артиши Тоҷикистон вазифаи таълиму тамрини тамоми паҳлӯҳои хидмат бар дӯши афсарон вогузор шудааст. Майори горди миллии аёлати Вирҷиния Нил Эдмондс мегӯяд, ба мурури замон ин сохтор дар артиши Тоҷикистон ҳам ҷои по пайдо хоҳад кард, зеро раҳбарони воломақом аз он пуштибонӣ мекунанд.

Сержанти тоҷик Бобур Маҳмадов аз горди миллии Тоҷикистон изҳор намуд, ки дар ҷараёни тамрин маълумоти хуб дастрас намудааст ва акнун бар пояи он барномаи шахсии тамринро тартиб медиҳад.

Барномаи тамринҳои муштарак ва табодули иттилои миёни сарбозони ИМА ва Тоҷикистон то соли 2012-ум идома хоҳад кард ва майор Эдмондс бовар дорад, ки дар давраҳои минбаъда тамрин тавсеа меёбад.
XS
SM
MD
LG