Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазирони собиқ куҷо шуданд? Сиёсатмадорони театргурез киҳоянд?


Нашрияи русизабони «Азия-плюс» менависад, вазирониу мансабдорони собиқи ҷумҳурӣ, ки чанде пештар аз вазифа барканор шуданд, аксаран ба тиҷорат машғуланд ва ё кори илмии худро идома медиҳанд. Нашрия меафзояд, Талбак Назаров, собиқ вазири умури хориҷӣ ҳоло китоб менависад. Дар назар аст, ки ӯ дигарбора барои кор ба Фарҳангистони улум баргардад. Аммо як гурӯҳи мансабдорон ҳанӯз бо умеди гирифтани мансабе интизор нишастаанд. Аммо Хол Машрабов, собиқ раиси ноҳияи Рӯдакӣ ба муаллифи матлаби нашрия гуфтааст, ӯ беш аз як афсар буда наметавонад. Аз ин рӯ, ҳарчи президенти кишвар фармояд, иҷро мекунад ва ҳоло фармони навбатии раиси ҷумҳуриро интизор аст. «Вале ҳамаи ин мансабдорони мо ба мухолифати рӯйрост бо ҳукумати Раҳмонов қарор нагирифтаанд»,- хулоса мекунад «Азия-плюс».

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаномаи «Нигоҳ» ба мавзӯи «Чаро сиёсатмадорон ба театр намераванд?», бармегардад. Ҳафтанома менависад, имрӯз аз миёни сиёсатмадорони кишвар бисёртар Раҳмоновро дар театрҳо вохӯрдан мумкин аст. Аммо раҳбарони дигар аҳзоби сиёсӣ гуфтаанд, бо иллати кори зиёд доштанашон имкони дидани намоишномаҳоро дар театр надоранд. Ба ин қатор сиёсатмадорони аз театргурез Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ, Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Амир Қароқӯлов, раиси Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон ва ғ. шомил шудаанд. «Нигоҳ» навиштааст, ин гуфтаҳо дар ҳолеанд, ҳамаи мо аз бетаваҷҷӯҳии мардуми оддӣ нисбат ба театри тоҷик бисёр ҳарф мезанем.

«Миллат», ҳафтаномаи мустақили дигар навиштааст, «Пас аз ду соли қатъи чопи ҳафтаномаи сиёсии «Нерӯи сухан», мақомоти Тоҷикистон аз сар гирифтани интишори онро имконпазир эълон кардаанд». Ин ҳафтаномаи Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон аст. Аммо ду сол пеш, ба иллати пардохт накардани маблағи барқ аз ҷониби чопхонаи «Кайҳон», ки марбут ба «Нерӯи сухан» аст, нашри ин ҳафтанома мавқуф гузошта шуда буд.

Ҳамзамон, «Миллат» дар сӯҳбате бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ масъалаи марбут ба ин ҳизби сиёсиро баррасӣ кардааст. Дар сӯҳбати худ Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд: «Вақти он расидааст, ки ҳизби наҳзат доираи фаъолияти худро аз мардуми мазҳабӣ ба соири қишрҳо бикӯчонад ва мо набояд мардумро ба мазҳабӣ ва ғайримазҳабӣ ҷудо кунем». Гузашта аз ин, ба гуфтаи оқои Кабирӣ мавзӯъоти фарҳангиву мазҳабӣ аз масоили аслии ҲНИТ боқӣ мемонанд, лекин онҳо ба масоили иқтисодию иҷтимоӣ ва энержии кишвар низ диққати бештар хоҳанд дод.

Масъалаи бунёди нерӯгоҳи обию барқии Роғун ин ҳафта дар куллияи нашрияҳои чопи Душанбе бо истифода аз суханҳои Рамазон Абдулатипов, сафири Русия дар Тоҷикистон инъикос ёфтаанд. «Азия-плюс» таҳти унвони «Бунбасти Роғун» матлаберо таҳия кардааст, ки дар он мавзӯи сохтмони Роғун мавриди баҳси коршиносон қарор мегирад. Нашрия менависад, «ҷониби Русия созишномаи нави миёни Тоҷикиистону Русияро омода мекунад,, ки он дар нимсолаи аввали соли 2007 ба тасвиб хоҳад расид. Баъд аз ин, Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ширкати РусАл ё бе он, аммо бо ҳамроҳии Русия нерӯгоҳи Роғунро месозад.

Ба ин мазмун, «Вечерный Душанбе» гузоришеро нашр кардааст. Аммо ин нашрия аз бознишастагон пурсидааст, ки «Оё метавон бо нафақа зиндагӣ кард?». Бештари бознишастагон бо таассуф гуфтаанд, ки нафақаи кам мегиранд, вале он ҳам дар вақти муайян ба дасти онҳо намерасад.

Аммо «Фараж» аз рӯзноманигорон суол кардааст, ки «Оё пресс-конфронсҳо Шуморо қаноатманд мекунанд?». Дар посух бештари рӯзноманигорон гуфтаанд, нишастҳои матбуотии раисону вазирон ба як навъ ҳисоботи корхонаҳо монанд ҳастанд. Вале баъзеи дигари пурсидашудагон гуфтаанд, маҳз тавассути ҳамин нишастҳои матбуотӣ онҳо имкон дарёфт мекунанд, ки аз фаъолияти ин ё он ниҳоди давлатӣ огаҳ шаванд.

«Ризвон Содиров кист: террорист, ҷосус ё қаҳрамон?» Бо ин сарлавҳа «Фараж» як матлаби таҳлилӣ навиштааст. Муаллифи нашрия менависад, «ҳама бадбахтиҳои Ризвон аз он шӯрӯъ шуд, ки ӯ ба сиёсат пайваст. Соли 1992, ба навиштаи «Фараж» Ризвон ба майдони «Шаҳидон» мепайвандад ва эълом мекунад: «Мақсади ягонаи ман хидмат ба Ислом ва пирӯзии Ислом дар Тоҷикистон мебошад». Аммо бо ин ҳама мақсадҳо, Ризвон қаҳрамон нашуд, хулоса кардааст нашрия.
XS
SM
MD
LG