Пайвандҳои дастрасӣ

Таърихи нави баргузории Ҷоми раиси AFC-2007


Дар севвумин давраи ин мусобиқот қаҳрамонҳои футболи ҳашт кишвари қора, ки ба гурӯҳи «зуҳурёфта» шомиланд, ширкат меварзанд. Минҷумла, тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода - аввалин барандаи Ҷоми раиси AFC, барои дуввумин бор аст, ки дар ин мусобиқот Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳад кард.

Бар иловаи «Регар» ТадАЗ дар ин мусобиқот аз минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамчунин қаҳрамони Қирғизистон - тими «Дордой-Динамо»-и Норин, дуввумин барандаи Ҷоми раиси AFC ширкат хоҳад кард. Боз панҷ тими қаҳрамони кишварҳои дигар муайян шудаанд, ки инҳоянд: «Ратнам»-и Шри-Ланка, «Кхемара»-и Камбоҷа, «Татунг»-и Тайван, «Транспорт Юнайтед»-и Бутан ва «Артиши Покистон». Қаҳрамони футболи Непал моҳи феврал маълум хоҳад шуд.

Дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё дастаҳо бар асоси қуръакашӣ, ки рӯзи 3 феврал баргузор мегардад, ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд.
XS
SM
MD
LG