Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ашъори Лоиқ дар интернет?


Ромиш Шералӣ, фарзанди устоди шодравон Лоиқ Шералӣ дар сӯҳбат бо маҷаллаи «Фарҳанг ва андеша» гуфт, ки ашъори Лоиқ Шералӣ дар қироати худи шоир ояндаи наздик тариқи сомонаи интернетӣ низ қобили дастрасӣ хоҳад шуд.

Ромиш Шералӣ мехоҳад, созмони фарҳангие бо номи Бунёди Лоиқ Шералӣ таъсис диҳад. Ӯ мегӯяд, ҳадаф аз таъсиси ин ниҳод натанҳо муаррифии бештари осори падараш устод Лоиқ тавассути шабакаи интернет аст, балки мехоҳад ба рушди фарҳанги тоҷик, ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба осори адабӣ, нигаҳдошт, омӯзиш ва дастрасии мероси фарҳангӣ ба умум мусоадат намояд.

Оқои Ромиш мегӯяд, осори удабои тоҷик дар шабакаи Интернет ба се ҳарф - сирилик, форсӣ ва лотинӣ интишор мешавад ва зимнан аудиторияи васеъи ҳамзабонони мо дар саросари ҷаҳон бо таърих ва навгониҳои назму насри тоҷик шинос мешаванд.

Ҳамзамон, Бунёди Лоиқ Шералӣ пас аз сабти номи расмӣ шудан, тасмим дорад, ба нашри маҷмӯаҳои адибон, албатта бо қимати дастрас, низ машғул шавад. Таъсиси клуби адибон ва утоқҳои кор бо компутару Интернет низ дар назар аст.

Ҳоло санадҳои Бунёди Лоиқ Шералӣ мавриди баррасии вазорати адлияи кишвар қарор дорад ва умед аст, дастандаркорон иҷозаи расмии фаъолиятро хоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG