Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти солонаи ҳукумати Тоҷикистон


Дар ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон натоиҷи кори ҳукумат дар соли 2006 ва вазоифу аҳдоф барои соли 2007 баррасӣ гардид. Дар он зикр шуд, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2006 нӯҳ миллиарду 272,2 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин нисбат ба соли 2005 бо нархҳои муқоисавӣ 7 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2005 4,9 фоиз ва кишоварзӣ 5,4 фоиз афзоиш ёфтааст.



Тиҷорати хориҷии кишвар дар соли гузашта вусъат ёфта, гардиши он 39,4 фоиз, аз ҷумла содирот 54 фоиз, воридот 29,5 фоиз афзуда, тавозуни манфии савдои хориҷӣ нисбат ба соли 2005 ба андозаи 97,5 миллион доллари амрикоӣ коҳиш ёфтааст. Даромади буҷа дар соли 2006 як миллиарду 657,6 миллион сомониро ташкил додааст, ки он ба 106,5 фоизи нақшаи баробар будааст. Масрафоти буҷа дар соли гузашта як миллиарду 619,5 миллион сомонӣ буда 101 фоизи нақшаи солонаро ташкил додааст.



Дар нишасти солонаи ҳукумат зикр гардидааст, ки ба пуррагӣ истифода нашудани имкониятҳои дохилии корхонаҳо, идома ёфтани истеҳсоли маҳсулоти рақобатнопазир, бе коркарди ниҳоӣ содир шудани маҳсулот, тадриҷан афзудани қарзи хоҷагиҳои пахтакор, мавҷуд будани дахолати беасоси мақомоти идоракунӣ ба фаъолияти истеҳсолии бахши хусусӣ ва якчанд омилҳои дигар ба рушди иқтисодиёт таъсири манфӣ мерасонанд.



Дар ин ҷаласа як барномаи истифодаи васеъи манбаъҳои барқароршавандаи энержӣ, амсоли энержии дарёҳои хурд, офтоб, шамол, биомасса, манбаъҳои зеризаминӣ барои солҳои 2007-2015" тасдиқ шудааст.
XS
SM
MD
LG