Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зане аз Қазоқистон вазири Чехия шуд


Рон Синовитс Катерина Соликова Қазоқистон аз Ҷумҳурии Чех хеле дур аст. Барои Ҷамила Стеҳликова, ки дар Қазоқистон зода шудааст, ин роҳи дарозу пурпечутоб бо роҳи ҳаёти ӯ аз туфулият то курсии вазир дар ҳукумати Чех баробар аст. Аввали имсол Ҷамила дар мақоми вазири ақаллиятҳои миллӣ ва ҳуқуқи инсон дар ҳукумати Ҷумҳурии Чех ба кор сар кард.

Чун ҳар як духтари ҷавоне, ки дар солҳои 60 ум дар Қазоқистон зиндагӣ мекард, Ҷамила умед надошт, ки рӯзе узви ҳукумати ҷумҳури Чех мешавад. Вале сарнавишти Ҷамила чунин шуд, ӯ барои таҳсили ба донишгоҳи тиббии маскав рафт, духтур шуд, сипас, тадриҷан ба ҳайси фаъоли ҳифзи муҳити зист дар минтақаи кӯҳии Боҳемияи Шимолии Ҷумҳурии Чех вориди сиёсат гардид. Ҷамила Стеҳликова бо падару модараш дар шаҳриАлматӣ зиндагӣ мекард, вале нахустин хотироти ӯ аз деҳаи хурде дар Қазоқистон аст:

"Барои ман ҳар сол сафар кардан ба деҳаи хурди Қароқурум дар наздикии марзи Қазоқистону Қирғизистон басо муҳим буд. Бобои ман, падари падарам онҷо таваллуд шудааст. Решаҳои ман он ҷо ҳастанд. Ман дар Алмати таваллуд шудаам, вале то ҳол ёд дорам, ки дар Қароқурум бо дӯстонам аспсаворӣ ва бозиҳои кӯдакона мекардем. Аз ин сабаб, ман мегӯям, ки пайраҳаи зиндагии ман аз ҳамон деҳаи хурд дар марзи Қазоқистону Қирғизистон шурӯъ шудааст. "

Ҷамила барои таҳсил ба Маскав рафт. То соли 1988 ӯ дар Маскав зиндагӣ мекард ва он ҷо бо намояндагони аққалиятҳои миллӣ аз кишварҳои мухталиф дар тамос буд. Дар синни 26 ӯ бо марди чех издивоҷ кард ва ватани ӯ кӯч баст:


"Роҳи ман ба сиёсат хеле хоксорона буд. Баъди таҳсилу кор дар Маскав ман ба Боҳемия кӯчидам. Ҳангоми зиндагӣ дар шаҳраки хурди Боҳемияи шимолӣ дидам, ки ин ҷо мардум чӣ гуна ба муҳити атроф ва мероси фарҳангӣ рафтор мекунанд. Ин шаҳри ангиштканҳо буд, ва бо таъсири шахтаҳои боз, тамоми шаҳру деҳаву ёдгориҳои таърихӣ хароб мешуданд. Ин вазъият маро такон дод ва ман тасмим гирифтам, ки ба зидди он талош мекунам. Мо чандин намоиши эътирозӣ ташкил кардем ,вале медонистам, ки онҳо натиҷа намедиҳанд. Ҳатто баъди инқилоби махмалии соли 1989 низ харобшавии деҳот идома дошт. Калисоҳо ва хонаҳо аз байн мерафтанд. Одамон ба шаҳрҳои дигар интиқол дода мешуданд. Баъди он ман дакр кардам, ки агар таъсире дар ин самт гузоштанӣ бошам, бояд ба сиёсат ворид шавам."

Стеҳликова ба ин тариқ ба ҳизби Сабзҳо шомил шуд. Ӯ мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ сиёсатро ба мансабу мақом табдил доданӣ набуд, То соли 2006 ӯ ҳамоно кори худро ба ҳайси духтур давом медод.
Дар айни ҳол узви фаъоли ҳизб буд. Ӯ мегӯяд, ин садои муҳофизиони муҳити зист буд, ки ӯро ба мақоми ҳукуматӣ расонид.

Ҷамила Стеҳликова мегӯяд, ӯ ба ҳайси вазир чанд барномаи мушаххас дорад. Дар бахши дифоъ аз ҳуқуқи башар ӯ мехоҳад, дар ҷумҳурии Чех шабеҳи кишварҳои дигари Иттиҳоди Аврупо қонуни зидди табъизро таҳия кунад. Ӯ ҳамчунин мехоҳад барномаҳои махсус ба роҳ монад, ки он аққалияти рома, ва ё ҷӯгиҳоро аз ҳолати инзивоъ дар ҷомеаи Чех берун кашад.

(Баргардони Холидаи Қодир)
XS
SM
MD
LG